Вискозиметрия
Вискозиметрия — фасли физика, ки усулҳои чен кардани ғилзати моддаро меомӯзад.
Ғилзати моеъ ва газҳоро асосан бо се усули маъмул — капиллярӣ (аз рӯйи сарфи моеъ ва газ дар капилляр), суръати ғӯтидани саққо (аз рӯйи суръати саққои афтон) ва устувонаҳои ҳаммеҳвар ё ротатсионӣ (аз рӯйи лаҳзаи чархзании устувонаҳои ҳаммеҳвар) бо вискозиметр чен мекунанд. Ин усулҳо мувофиқан ба қонунҳои Пуазейл, Стокс ва қонуни ҷоришавии моеъ дар байни устувонаҳои ҳаммеҳвар (ҷараёни Тейлор) асос ёфтаанд. Ғилзатро инчунин аз рӯйи хомӯшшавии лаппишҳои даврии лавҳачае, ки дар муҳити таҳқиқшаванда ҷойгир шудааст, чен мекунанд. Усулҳои чен кардани ғилзат дар муҳитҳои ҳаҷмашон хурд (микроғилзат) гурӯҳи махсусро ташкил медиҳанд. Онҳо ба мушоҳидаҳои ҳаракати броунӣ, мутаҳаррикии ионҳо, диффузияи зарраҳо асос меёбанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вискозиметрия // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.