Виталий Голданский
Таърихи таваллуд | 18 июн 1923[1] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 14 январ 2001 (77 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | физикшимӣ[d], кимиё[2] ва физики ҳастаӣ[d][2] |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва метематика[d] |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Nikolay Semyonov[d] |
Ҷоизаҳо |
Вита́лий Ио́сифович Голда́нский (18 июн 1923[1], Витебск[1] — 14 январ 2001, Маскав) - физикдон ва кимиёдони рус, академики АИ Русия (1981).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар факултаи кимиёи донишгоҳҳoи Ленинград (1939–41), Қазон (1942–43), Маскав (1943–44) таҳсил кардааст. Дар Институти физикаи кимиёии АИ ИҶШС, Институти физикаи АИ ИҶШС (1942–61), аз соли 1961 дар Институти физикаи кимиёӣ (аз соли 1988–94 директор) кор кардааст. Солҳои 1994–2001 директори генералии Институти муттаҳидаи физикаи кимиёии ба номи Н. Н. Семёнови АИ Русия. Проф. Институти муҳандисию физикии Маскав ва Институти технологияи дақиқи кимиёии Маскав (аз соли 1956). Виталий Голданский асосгузори кимиёи ҳастаӣ ҳамчун ҳудуди байни физикаи кимиёӣ, физикаи ҳастаӣ ва радиокимиё мебошад. Ӯ усулҳои кимиёи ҳастаӣ ва кимиёи энергияҳои баландро барои омӯзиши молекулаи мономер, робитаи сохти модда ва қобилияти вокуниш (реаксия)-и онро дар сатҳҳои молекулавӣ ва фаромолекулавӣ истифода намуд. Дар асоси таҳқиқот оид ба кимиёи позитроний Виталий Голданский усулҳои муайян кардани суръати вокунишҳои сареи кимиёӣ (то ҳадди 10-12с) ва нуқсҳои ҷисми сахтро пешниҳод кардааст. Солҳои 1970 Виталий Голданский ҳамроҳи ҳамкорони худ зуҳуроти ҳадди пасттарини ҳарорати суръати вокуниши кимиёиро кашф намуд. Назарияи ин раванд бо ёрии интиқоли тунели (нақбӣ)-и электрон, атоми ҳидроген ё афзоиши занҷири полимерӣ (ба ном механизми тунелгардонии молекулавӣ) тавсиф дода шудааст. Тавсеаи ин ғоя ба татбиқи корбасти амали молекулаҳои биологӣ барои омӯзиши имконияти ташаккули молекулаҳои органикӣ дар муҳити пастҳарорати кайҳони кушод (муаммои эволютсияи кимиёӣ ва пешазбиологии ҳаёт) мусоидат мекунад. Виталий Голданский дар инкишофи усули тайфбинии гамма-резонансӣ саҳми арзанда гузошта, зуҳуроти асимметрияи тайфҳои мёссбауэриро кашф ва маънидод карда, онҳоро дар омӯзиши филиззот, кристаллҳои ғайриорганикӣ ва филиззию органикӣ, ҷисмҳои аморфӣ ва объектҳои биологӣ истифода намудааст. Виталий Голданский узви 12 академияи хориҷӣ буда, бо Мукофоти ленинӣ (1980) ва Мукофоти давлатии Русия (2000) сарфароз гардидааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ядерные реакции (учебное пособие). М., 1984;
- Физика высоких энергий (учебное пособие). М., 1985;
- Кинематические методы в физике высоких энергий. М., 1987.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Гольданский Виталий Иосифович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 2.0 2.1 Чешская национальная авторитетная база данных
- ↑ https://www.chem.msu.su/rus/history/acad/goldanskii.html
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Голданский Виталий Иосифович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 18 июн
- Зодагони соли 1923
- Зодагони Иттиҳоди Шӯравӣ
- Даргузаштагони 14 январ
- Даргузаштагони соли 2001
- Даргузаштагони Маскав
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Дорандагони ордени «Барои хидмат ба Ватан» дараҷаи 4
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Инқилоби Октябр
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945»
- Барандагони Мукофоти ленинӣ
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Физикдонон аз рӯи алифбо