Витамини D

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
витамини Д

Витамин Д (калсийферол) дар организм ба моддаи гармонмонанд мубаддал шуда, дар ҷараёни намакҳои калсий ва фосфор иштирок мекунад. Ба витамини Д хусусан кӯдакони то 3-4 сола (аз норасоии витамини Д дар организми кӯдак рахит ташаккул меёбад), занони ҳомила бештар эҳтиёҷ доранд. Витамини Д одатан дар пӯсти одам аз таъсири нурҳои ултрабунафш ҳосил мешавад. Витамини Д-ро аз равғани ҷигари баъзе моҳиҳо мегиранд. Витамини Д дар равғани маска ва зардии тухм, равғани моҳӣ катар аст, дар маҳсулоти рустанигӣ тамоман нест. Ба витамини Д талаботи одамони калонсол зиёд нест, аммо кофӣ набудани рӯшноии рӯз (кор дар зери замин, сокинони шимол ва ғайра) эҳтиёҷро ба ин витамин зиёд мекунад. Доруи витаминдорро фақат зери назорати духтур истеъмол бояд кард.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Марри Р., Греннер Д., Мейес П., Родуэлл В. Биохимия человека. — Мир, 1993. — Т. 2. — 415 с.
  • Хоббс К., Хаас Э. Витамины для «чайников». — М.:: Диалектика, 2005. — 352 с.