Витаминҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Витаминҳо (аз лот. vita «ҳаёт» + амин) — таркиботи олӣ ҳастанд, ки ба миқдори хеле ҷузъӣ барои сӯхтусози маводди ғизоӣ, эъмоли ҳаётии бадан, парваришу тандурустӣ зарурат доранд. Тағзияи ноқис ва режеми ғизоии номуносиб, сабаби камбуд ё фуқдони як ё чанд витамин мешавад ва далели бемориҳои мухталифе хоҳад шуд.

Фарқи витаминҳо аз сафеда, чарбу, карбогидратҳо ва намакҳои минералӣ дар он аст, ки онҳо манбаи энергия нестанд. Витаминҳо асосан дар рустаниҳо ҳосил шуда, ҳамроҳи ферментҳо дар мубодилаи моддаҳо иштирок мекунанд. Андомгон (организм) витаминҳоро фақат аз муҳит (асосан аз рустаниҳо) дар шакли фермент, кофермент ё провитаминҳо мегирад. Провитаминҳо дар рафти мубодилаи моддаҳо ё фотосинтез ба витаминҳо табдил меёбанд. Витаминро соли 1880 олими рус Н. И. Лунин кашф кардааст. Соли 1912 биохимики лаҳистонӣ К. Функ ин моддаҳоро «витамин» номид. Дар ибтидо витаминҳо бо ҳуруфи алифбои лотинӣ ифода карда мешуданд, масалан, A, B, C, D, E, P ва ғ. Феълан номи ягонаи байналхалқие, ки сохти кимиёии витаминҳоро ифода мекунад, қабул карда шудааст. Витаминҳо се гурӯҳанд: дар об ҳалшаванда, дар равған ҳалшаванда, пайвастҳои витаминмонанд.

Витаминҳои дар об ҳалшаванда[вироиш | вироиши манбаъ]

Кислотаи ас-корбинат (витамини С) дар ҷараёни мубодилаи моддаҳо, хусусан барои ҳазми сафеда ва барқарор шудани бофтаҳо аҳаммият дорад. Ҳангоми норасоии он нуфузпазирии девораи рагҳои хунгард меафзояд, таркиби бофтаҳои тағояк ва устухон дигаргун гашта, бемории зангила инкишоф меёбад. Миқдори зарурии витамини С-ро организм ба тавассути хӯрок мегирад. Манбаи асосии витамини С сабзавоту меваҷот мебошанд. Талаботи организмро ба витамини С дар натиҷаи истеъмоли карам, картошка, пиёз, помидор, сабзавот ва ғ. қонеъ гардонидан мумкин аст. Он дар таркиби қаланфури ширин (булғорӣ), қаланфури сурх, қоти сиёҳ, каҳзак, тути заминӣ, шилха (туршак), лиму, афлесун ва ғ. низ зиёд мебошад. Бахусус хуч (настаран, хоргул) сервитамин аст (100 г меваи хушки он то 1500 мг% витамини С дорад). Кислотаи аскорбинатро бо роҳи сунъӣ низ ба даст меоранд (дар шакли хока, ҳаб, қурс ва маҳлул истеҳсол мекунанд).

Витаминҳои гурӯҳи В[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои инсон чунин витаминҳо аҳаммияти бештар доранд: В1 (тиамин), В2 (рибофлавин), В3 ё РР (кислотаи никотинат), В6 (пиридоксин), В9 (кислотаи фолиат) ва В12 (сианокобаламин).

Тиамин (витамини В1) барои мубодилаи карбогидратҳо муҳим аст. Дар мавриди норасоии он бемории полиневрит инкишоф меёбад. Тиамин ба организм ба воситаи хӯрок дохил мегардад. Талаботи шаборӯзии витамини В1 барои калонсолон 1,3-2,5 мг, барои бачагон 0,3-1,7 мг аст. Норасоии витамини В1 ҳаракати рӯда ва кашиши мушакҳоро суст карда, боиси қабзият, заъфи кори ҷисмониву фикрӣ ва пайдоиши бемории хеле вазнини бери-бери мешавад. Рибофлавин (витамини В2) дар ҷараёни рушду инкишоф, мубодилаи сафедаҳо, равған ва карбогидратҳо ширкат дошта, кори силсилаи асаби марказиро танзим мекунад, ба ҷараёни мубодила дар қарния, зуҷоҷия ва тӯрпардаи чашм таъсир мерасонад, барои дарки равшаниву рангҳо мусоидат менамояд. Рибофлавин ба организм ба воситаи хӯрок дохил мешавад. Талаботи шабонарӯзии калонсолон ба ин витамин аз 1,5 то 3 мг, барои кӯдакон аз 0,4 то 2 мг аст. Дар натиҷаи дар организм нарасидани рибофлавин лабҳо хушкида мекафанд, кунҷҳои даҳон захмдор шуда карахш мебанданд, мӯй мерезад, мумкин аст конъюнктивит ва блефарит инкишоф ёбанд. Маҳсулоти ҳайвонот (тухм, панир, шир, гӯшт), инчунин ғалладона ва рустаниҳои лӯбиёӣ, чормағзи заминӣ (арахис), соя, наск ва нахӯди сабз манбаи асосии витамини В2 мебошанд.

Кислотаи никотинат (витамини РР, ниатсин, витамини В3) дар ҷараёни нафасгирии ҳуҷайра ва мубодилаи сафедаҳо иштирок мекунад, гувориши сафедаҳои наботиро дар организм афзуда, тарашшуҳ ва таркиби шираи ғадуди зери меъдаро беҳтар месозад, кори ҷигарро муътадил мегардонад. Талаботи шабонарӯзии одами солим ба ин витамин барои калонсолон 14-28 мг, барои кӯдакон 4-19 мг аст. Норасоии кислотаи никотинат ва сафеда дар организм боиси инкишофи бемории пеллагра мегардад.

Пиридоксин (витамини В6) ба ҳазми муътадили сафедаву равған мусоидат ва дар мубодилаи нитроген иштирок мекунад. Эҳтиёҷи шабонарӯзии одами солим ба он 1,5-3 мг, барои кӯдакон 0,4-2 мг аст. Норасоии пиридоксин боиси аз сабзиш мондани кӯдакони хурдсол, ихтилоли кори меъдаву рӯда, камхунӣ, илтиҳоби пӯст, бедорхобӣ, заъфи асаб ва ғ. мешавад. Пиридоксин дар таркиби хамиртуруш, сабӯси гандум, ҷав, арзан, ҷуворимакка, нахӯд, картошка, сабзӣ, лаблабу, гӯшти гов, гӯшти мурғ ва гӯсфанд, тухм, шир ва ғ. ниҳоят кам аст.

Кислотаи пантотенат (витамини В5) дар мубодилаи моддаҳо аҳаммияти калон дорад, ба кори муътадили силсилаи асаб, ғадудҳои болои гурда ва сипаршакл мусоидат мекунад. Талаботи шабонарӯзии одами солим ба он тақр. 10 мг аст.

Кислотаи фолиат (фолатсин, витамини В9) дар мубодила ва синтези баъзе аминокислотаҳо ва кислотаҳои нуклеат ширкат меварзад, фаъолияти хунофарии мағзи устухонро беҳтар мегардонад, ба ҳазми витамини В12 мусоидат менамояд. Талаботи шабонарӯзии калонсолон ба он 0,2 мг, кӯдакон аз 0,04 то 0,2 мг ва занони ҳомила 0,6 мг аст. Норасоии кислотаи фолиат боиси камхунии вазнин, ихтилоли кори меъдаву рӯдаҳо (беиштиҳоӣ, қабзият, исҳол, харобии ҳиссиёт ва ғ.) мешавад. Ҷигар, гурда ва барги сабзи рустаниҳо манбаи асосии он мебошанд.

Сианокобаламин (витамини В12) моддаи аз ҷиҳати биологӣ хеле фаъол аст. Ҳамаи организмҳои зинда эҳтиёҷ ба он доранд. Дар синтези метионин, кислотаҳои нуклеат, ҷараёни хунофарӣ ва ғ. иштирок мекунад. Эҳтиёҷи шабонарӯзии калонсолон ба витамини мазкур 3,0 ва кӯдакон 0,3-3,0 мкг аст. Ба организм ба воситаи хӯрок дохил мешавад. Микроорганизмҳои рӯда низ онро ҳосил мекунанд. Гӯшт, шир ва хусусан ҷигари гов манбаи асосии сианокобаламин мебошанд.

Витаминҳои дар равған ҳалшаванда[вироиш | вироиши манбаъ]

Ретинол (витамини А) дар табиат хеле бисёр аст. Он дар бофтаҳои наботот чун провитамини А (витамини нимтайёр) — пигменти каротин вуҷуд дорад. Провитамини А дар организм якҷо бо пиҳ (чарб) ба ретинол мубаддал мешавад. Ретинол барои ҳосил гаштани пигменти босира, рушди муътадили организм ва мутобиқати чашм ба рӯшноии гуногун мусоидат мекунад. Аз норасоии ретинол пӯст пажмурда ва дурушт мегардад, рихинакҳо ва дигар бемориҳои римноки пӯст инкишоф меёбанд, мӯй бенуру хушк, нохунҳо зудшикан (мурт) мешаванд. Рӯшноитарсӣ, шабкӯрӣ, конъюнктивит ва блефарит аломатҳои асосии норасоии ретинол мебошанд. Эҳтиёҷи шаборӯзии калонсолон ба витамини А 1 мг ва кӯдакону наврасон 0,4-1 мг аст. Захираи витамини А аз ҳисоби ба организм дохил шудани худи витамин, инчунин аз ҳисоби провитамин — каротиноидҳо пур мешавад.

Калсиферолҳо (витамини D) ба мубодилаи моддаҳои минералӣ ва сабзиши устухон таъсир мерасонанд; таносуби намакҳои калсий ва фосфорро танзим карда, дар рӯдаи борик ҷабида шудани ин моддаҳо ва интиқоли калсийро аз хун ба бофтаҳои устухон таъмин менамоянд. Калсиферолҳо хусусан дар авони ҷавонӣ, вақте ки сабзишу устухонбандӣ босуръат аст, хеле заруранд. Норасоии витамини D дар организм боиси пайдоиши рахит мегардад. Калсиферолҳо фақат дар маҳсулоти ҳайвонот мавҷуданд (равғани ҷигари моҳии тунес, равғанмоҳӣ ва ғ.). Дар организм витамини D дар натиҷаи таъсири шуои офтоб аз провитамини таркиби пӯст ҳосил мешавад.

Токоферолҳо (витамини Е) аз ҳафт навъи витаминҳо иборат буда, таъсири биологии гуногун доранд. Онҳо ба кори мушак ва ғадудҳои таносул тақвият мебахшанд, ба захира шудани витаминҳои дар равған ҳалшаванда (хусусан ретинол) дар узвҳои дарунӣ мусоидат мекунанд. Манбаи асосии токоферолҳо равғани рустанӣ (равғани зағир, офтобпараст, зайтун) ва қисман сабзавот мебошанд.

Филлохинонҳо (витамини К) муҳимтарин воситаи лахтабандии хун мебошанд. Норасоии витамини К боиси хунравии бинӣ, милки дандон, меъда, рӯда ва ғ. мешавад. Талаботи шаборӯзӣ ба витамини К барои калонсолон 0,2-0,3 мг (барои занҳои ҳомила 2-5 мг), барои кӯдакони навзод 0,001-0,012 мг аст. Филлохинон дар барги сабзи коҳу, испанох, карам, газна вуҷуд дорад.

Ғайр аз витаминҳои номбурда, моддаҳои дигари аз ҷиҳати биологӣ фаъол (мушобеҳи витаминҳо), аз ҷумла биофлавоноидҳо, холин, инозит, кислотаҳои липоеат, оротат, пангамат, парааминобензоат ва ғ. низ мавҷуданд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]