Jump to content

Витрувий

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Витрувий
лот. Marcus Vitruvius Pollio
Таърихи таваллуд тақрибан 80 то м.
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт тақрибан 15 то м.
Кишвар
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор

Марк Витру́вий Поллио́н (лот. Marcus Vitruvius Pollio; тақрибан 80 то м., Ҷумҳурии Рим[d]тақрибан 15 то м.) — нависанда, мухтареъ ва меъмори румӣ. Чун муаллифи асари «Даҳ китоб дар бораи меъморӣ» шуҳрат пайдо кардааст. Асари Витрувий манбаи омӯзиши техника ва меъмории давраи қадим ҳисоб меёбад. Дар рисола Витрувий масоили шаҳрсозӣ, муҳандисӣ-техникӣ ва ороишӣ, таҷрибаҳои амалии Юнон ва Румро баррасӣ намудааст. Дар асари Витрувий тасаввурот дар бораи ягонагии ҷанбаҳои техникӣ, амалӣ, ороишӣ, меъморӣ баён гардида, ба усул ва талаботи «мустаҳкамӣ, истифодабарӣ ва зебоӣ»-и биноҳо баҳои баланд дода мешавад. Асари Витрувий то асри 15 фаромӯш шуда буд, минбаъд дақиқ омӯхта шуда, ба забонҳои гуногун тарҷума шудааст. Дар асрҳои 17-18 Витрувий дар меъморӣ нақши хеле муҳим бозидааст.