Витус Беринг
дан. Vitus Jonassen Bering | |
Ном ҳангоми таваллуд | дан. Vitus Jonassen Bering |
Таърихи таваллуд | 5 август 1681[1] ё 1681[2] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 8 (19) декабр 1741[3][4][5][…] |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар |
|
Пеша | гардишгар, hydrographer, naval officer, seafarer |
Ҳамсар | Anna Bering[d] |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Беринг (Bering) Витус Ионассен (12.8.1681 – 8.12.1741), баҳрнавард, афсари флоти рус, капитан-командор, таҳқиқотгари Осиёи Шимолию Шарқӣ ва Амрикои Шимолию Ғарбӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар шаҳри Хорсенси Дания таваллуд шудааст. Соли 1702 ба хидмати флоти ҳарбии рус даъват шуд. То соли 1724 дар флотҳои Азов ва Балтика ба ҳайси капитани рутбаи як шино кардааст. Янв. 1725 роҳбари экспедитсияи таҳқиқи заминҳои канории Осиёи Шимолию Ғарбӣ таъйин шуд, ки мақсади он ҳал намудани масъалаи вуҷуд доштани гардана ё гул. байни Осиё ва Амрико буд (ҳанӯз соли 1648 гул. байни Осиё ва Аляскаро С. Дежнёв ва Ф. Алексеев убур намуда, таҳқиқ карда буданд, аммо маълумот дар ин хусус дар бойгонии Ёқутистон маҳфуз мондааст). Ох. соли 1726 Б. роҳбари экспедитсияи 1-уми Камчатка таъйин шуд. Экспедитсия соҳилҳои шарқии Камчатка, соҳилҳои Ҷ. Ш.-и Чукотро давр зада, аз гулӯгоҳ (дертар номи Б.-ро гирифт) гузашта, то 670181 садаи шаҳри расид ва ба Камчатка баргашт. Он вақт ӯ боварӣ дошт, ки дар Шимол дигар замин (хушкӣ) вуҷуд надорад ва экспедитсия вазифаашро иҷро кард. Дар рафти экспедитсия ҷаз-ҳои Лаврентии Муқаддас ва Диомида кашф гардиданд. Соли 1733 Б. роҳбари экспедитсияи 2-юми Камчатка таъйин гардид. Вай бояд Сибирро тай карда, аз Камчатка ба таҳқиқи соҳилҳои Амрикои Шимолӣ мерафт. Бо ин мақсад 17 июли 1741 бо киштии «Святой Пётр» («Пётри Муқаддас») ба соҳилҳои Амрикои Шимолӣ расид. Баъзе ҷаз-ҳои Алеутро кашф кард. Дар бозгашт ҳангоми зимистонгузаронӣ дар ҷазирае, ки имрӯз номи ӯро дорад (Беринг}, баъди бемории вазнин вафот кард. Баҳр дар Шим. Уқёнуси Ором, ҷазира, гулӯгоҳ, пирях дар Аляска, Донишгоҳи давлатии Камчатка, яке аз самолётҳои ширкати ҳавопаймоии Россия ба номи Беринг гузошта шудаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Den Store Danske Encyklopædi (дат.) — 1994.
- ↑ Историческая энциклопедия Сибири (рус.) / под ред. В. А. Ламин — Новосибирск: 2009. — ISBN 5-8402-0230-4
- ↑ Крубер А. Беринг, Витус (рус.) // Барыкова — Бессалько — 1927. — Т. 5.
- ↑ 4.0 4.1 Энциклопедический словарь Сальмонсена (дат.)
- ↑ 5.0 5.1 Dansk Biografisk Lexikon (дат.)
- ↑ Nordisk familjebok (швед.) — 1876.
- ↑ http://gcaptain.com/maritime-monday-may-twenty-twentythirteen-iceicebaby/
- ↑ https://escholarship.org/uc/item/03g4f31t.pdf
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Беринг // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.