Вишневский, Александр Василевич
Вишневский, Александр Василевич | |
---|---|
![]() | |
Таърихи таваллуд: | 23 август (4 сентябр) 1874 |
Зодгоҳ: | |
Тахрихи даргузашт: | 13 ноябр 1948[1] (74 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: | |
Фазои илмӣ: | ҷарроҳӣ[d] |
Ҷойҳои кор: | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои тиб[d] |
Алма-матер: | |
Шогирдони маъруф: | Александр Александрович Вишневский[d] |
Ҷоизаҳо: |
Вишневский Александр Василевич (русӣ: Алекса́ндр Васи́льевич Вишне́вский, 23 август (4 сентябр) 1874[2], авули Чирюрт, Доғистон — 13 ноябри 1948, Маскав) — ҷарроҳ, узви ҳақиқии АИТ ИҶШС (1947), Арбоби шоистаи илми ҶШФСР (1934). Асосгузори беҳиссозии узвҳои алоҳида қабл аз ҷарроҳӣ ва дигар анвоъи табобат.
Зиндагинома[вироиш]
Хатмкардаи факултаи тиббии Донишгоҳи Қазон (1899). Мудири клиникаи ҷарроҳии ҳоспиталӣ (1914-25) ва клиникаи ҷарроҳии факултативии Қазон (1926-34). Соли 1947 директори Институти ҷарроҳии АИТ ИҶШС таъйин шуд (аз соли 1948 номи Александр Вишневскийро дорад). Александр Вишневский оид ба роҳҳои беҳиссозии мавзеӣ бо усули инфилтрати хазанда ва таъсири шифобахши ангезиши сусти силсилаи асаб бо маҳлули новокаин ҳангоми баъзе бемориҳо пажӯҳиш анҷом дод, навъҳои гуногуни блокадаи новокаинӣ ва истифодаи онро дар пайвастагӣ бо бандинаи баласонӣ пешниҳод намуд. Ӯ марҳаме кашф намудааст (ба номи «Марҳами Вишневский» маъруф аст), ки таркиби он аз зифт, ксероформ, равғани беданҷир иборат буда, шифои захмро метезонад, барои табобати ҷароҳат, сӯхтагӣ ва ғ. манфиатбахш аст.
Осор[вироиш]
- Собрание трудов. Т. 1-5. М., 1950—1952.
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ 1.0 1.1 Вишневский Александр Васильевич // Большая советская энциклопедия: [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ Биография Александра Вишневского(рус.), РИА Новости (4 сентябри 2014). Проверено 30 августи 2017.
Сарчашма[вироиш]
- Вишневский Александр Василевич // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Зодагони 4 сентябр
- Зодагони соли 1874
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Зодагони Империяи Русия
- Даргузаштагони 13 ноябр
- Даргузаштагони соли 1948
- Даргузаштагони Маскав
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»
- Барандагони Мукофоти сталинӣ
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо