Виҷаянагар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Подшоҳии Виҷаянагар
ವಿಜಯನಗರ ಸಾಮ್ರಾಜ್ಯ
1336 — 1646


Нишон
Пойтахт Vijayanagara[d], Penukonda[d], Chandragiri[d] ва Vellore[d]
Забон(ҳо) Забони каннада
Шакли ҳукмронӣ подшоҳӣ

Виҷаянагар — давлати асримиёнагӣ (асрҳои 14-17) дар ҷануби Ҳинд.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Асосгузори Виҷаянагар ҳокимони дастнишондаи султонҳои Деҳлӣ — бародарон Ҳариҳара (1336-56) ва Буккаи I (1356-77) буданд, ки аз давраи ҳукмронии султон Муҳаммади Туғлақшоҳ (1325-51) дар соҳилҳои дарёи Тунгабҳадра давлати мустақил бунёд карда буданд. Давлати навтаъсис бо номи пойтахташ Виҷаянагар шуҳрат ёфт. Солҳои 1340-70 баъди ишғоли ҳудуди давлатҳои Ҳайсола, Кончипур, Тулу ва Мадура мавқеи Виҷаянагар дар ҷануби Ҳинд устувор шуд. Аз ҷиҳати этникӣ телугуҳо, каннадаиҳо ва тамилиҳо аксарияти аҳолии Виҷаянагарро ташкил медоданд. Ҳиндуия дини расмии Виҷаянагар буд, вале пайравони дигар мазҳабҳо озод буданд. Таърихи сиёсии Виҷаянагар дар асрҳои 14, ибтидои садаи XVI аз муборизаҳои низомӣ бо салтанати мусулмони ҷануби Ҳинд — Баҳманшоҳиён (1347—1527), Низомшоҳиён (1491—1633), Одилшоҳиён (1490—1686), Қутбшоҳиён (1512—1687) ва Имодшоҳиён (1485—1572) иборат буд. Агарчи дарёи Кришна хатти сарҳадди байни давлати Баҳманшоҳиён ва Виҷаянагар муқаррар шуда буд, вале аз садаи XIV байни давлатҳо барои соҳиб шудан ба заминҳои минтақаи Ройчури Дуоб, ноҳияҳои ҳосилхези миёни д.-ҳои Кришна ва Тунгабҳадра мубориза оғоз шуд. Дар давраи ҳукмронии Деварои I (1406-22) ва Деварои II (1422-46) низомиёни Виҷаянагар дар мубориза бар зидди Баҳманшоҳиён бартарӣ нишон дода, минтақаи Ройчурро ишғол карданд. Аз нимаи дуввуми садаи XV бар асари буҳрони сиёсӣ ва ҷангҳои дохилӣ заминҳои забткардаи Виҷаянагар аз ҷониби Баҳманшоҳиён ишғол гардида, танҳо баъди ба сари қудрат омадани сулолаи Салува (1486—1505) дар кишвар оромии сиёсӣ барқарор гардид. Дар аҳди ҳукмронии Кришнадев (1509—1529) Виҷаянагар ба авҷи тараққиёт расида, доираҳои ҳукмрони кишвар ба корҳои сиёсии давлатҳои мусулмонии ҷануби Ҳинд дахолат мекарданд. Португалиҳо баъди ишғоли бандари Гоа (1510) бо Виҷаянагар шартномаи тиҷоратӣ баста, воридот ва содироти ҷануби Ҳиндро таҳти назорат гирифтанд. Тибқи шартномаи соли 1547 тоҷирони португалӣ ва ҷониби Виҷаянагар уҳдадор шуданд, ки муносибатҳои тиҷоратиро дар бандарҳои соҳилии ҷануби Ҳинд бо давлатҳои мусулмони ҷануби Ҳинд қатъ намоянд. Муносибатҳои Виҷаянагар бо португалиҳо ҷанбаи иқтисодӣ дошта, дар иттиҳод бо онҳо бар зидди давлатҳои мусулмони ҷануби Ҳинд вориди ҷанг нашуданд. Соли 1565 иттиҳоди давлатҳои мусулмони ҷануби Ҳинд — Одилшоҳиён, Қутбшоҳиён, Баридшоҳиён ва Имодшоҳиён дар муҳорибаи Таликут қувваҳои низомии Виҷаянагарро шикаст дода, пойтахташро хароб карданд. Баъдан пойтахт ба шаҳри Пенугонду кӯчонида шуд. Дар охири садаи XVII ҳудуди давлати Виҷаянагар дар байни давлатҳои Одилшоҳиён, Қутбшоҳиён ва Майсур тақсим гардид. Виҷаянагар аз ҷиҳати сохтори идорӣ давлати мутамарказ буда, сардори ҳокимияти марказӣ рой буд. Ҳокимияти маҳаллӣ дар музофот тавассути наякҳо (ашрофи низомӣ) идора шуда, салоҳияти таъмини амният ва воридоти андозҳо бар дӯши онҳо буд.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Асоси иқтисодиёти Виҷаянагарро пардохтҳои андози замин ва боҷҳои гумрукӣ ташкил медоданд. Тиҷорати хориҷӣ тавассути бандарҳои соҳилӣ дар Виҷаянагар рушд ёфта, аз Сейлон тило, нуқра, фил, аз Ҷидда, Адан ва Чин махмал, сатин ва ҳарир ворид шуда, биринҷ, шакар, арзан, филфил ва матоъҳои пахтагӣ ба кишварҳои Эрон, Африқо, Чин ва Сейлон содир карда мешуданд. Маркази асосии тиҷорат пойтахти давлат буд, ки ба қавли Абдурраззоқи Самарқандӣ — сафири Шоҳрух дар Дакан (1443-45) дуконҳои бозор ба ҳам наздик буда, аз ду ҷониб болои тахтаҳо гулҳо, зумуррад, нуқра, алмос, марворид озод фурӯхта мешуданд. Дар Виҷаянагар забонҳои маҳаллии телугу ва тамилӣ такомул ёфта, ибтидо бештари адабиёти ба ин забонҳо таълифшуда зери таъсири китобҳои санскритӣ навишта мешуданд. Имрӯз харобаи пойтахти Виҷаянагар дар наздикии деҳаи Ҳампии иёлати Карнотак ба феҳристи Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Алаев Л. Б. Средневековая Индия. СПб; 2003.
  • سمرقندی کمال الدین عبدالرزاق. مطلع السعدین و مجمع البحرین. تهران، 1353؛
  • رومیلا تاپار. تاریخ هند. جلد 1، مترجم همایون صنعتی زاده، تهران.1386؛

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]