Jump to content

Виҷдони Лоҳурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Виҷдони Лоҳурӣ
Навъи фаъолият: шоир

Виҷдони Лоҳурӣ (форсӣ: وجدان لاهوری‎; Мир Маъсум писари Муҳаммадзамон Росихи Сарҳиндӣ, ? — 1747, Лоҳур) — шоири форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар шаҳрҳои Деҳлӣ ва Лоҳур назди шоирони маъруфи замонаш Росих, Офарини Лоҳурӣ, Абдулҳакими Ҳоким машқи шеър карда, дар даргоҳи Хоҷа Сангин мухотаб ба Ғуломмуҳиддин, ҳокими Лоҳур ба дарёфти мададхарҷи дархури ҳолаш сарфароз гашта буд. Дар Лоҳур бо шоирон Нурулайни Воқиф, Зайнулобидини Отир ва Абдулҳакими Ҳоким мушоира ва баҳс дар тарзи ғазалгӯӣ мекард.

Муаллифи «Мардуми дида» аз девони Виҷдони Лоҳурӣ (иборат аз 20 ҳазор байт) хабар додааст, вале то имрӯз (2015) ин девон дастраси муҳаққиқон нагардидааст. Намунаҳои ашъори Виҷдони Лоҳурӣ ба тавассути тазкираҳо то замони мо расидаанд. Нигоштаҳояш устодонаанд ва дорои маъниҳои ғариб мебошанд. Абёти зерин намунае аз ашъори ӯянд:

Диле биёру ба майхона ошиқона даро,
Бигӯ, ки шишафурӯшам, ба ин баҳона даро.

Чаро аз майпарастӣ боз дорам дар чаман худро,
Кунам шармандаи абру гулу сарву суман худро?!

Нақшбасти ин саро дар чашми ҳақбин ҳасту нест,
Хонаи оинаро монад, ки рангин ҳасту нест.
Дастгоҳ он ҷост, к-он ҷо во бувад дасти карам
В-арна моли мумсикон чун мурғи зарин ҳасту нест.
Ман ба ёди ишрати нанвишта дар толеъ хушам,
Мекашам ҷоме, ки ҳамчун нуни танвин ҳасту нест.

  • عبد الحکیم حاکم. تذکرۀ مرد م د یده. لاهو ر، 1961هـ.ق.؛
  • دانشنامۀ ادب فارسی. اد ب فارسی در شبه قاره (هند، پاکستان، بنگلدیش). جلد چهارم، بخش سوم، تهران، 1380هـ. ش.