Владивосток

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Шаҳр
Владивосток
русӣ: Владивосток
Vladivostok collage2.png
Парчам[d] Нишон[d]
Парчам Нишон
Кишвар

Русия

Координатаҳо

43°07′00″ а. шим. 131°54′00″ т. ш.HGЯO

Роҳбар

Igor Pushkaryov[d]

Коди телефон423
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Владивосток дар харитаи
Владивосток
Владивосток

Владивосток — шаҳр дар Русия, маркази кишвари Примория.

Ҷуғрофиё[вироиш]

Дар нимҷазираи Муравёв-Амурский, дар соҳили халиҷҳои Амур ва Усурийск ҷойгир аст. Аҳолиаш 603,2 ҳазор нафар (бо атрофаш 1,01 млн нафар, 2014). Бандар дар уқёнуси Ором. Нуқтаи охирини шоҳроҳи автомобилӣ ва р. о.-и Сибир. Фурудгоҳи байналмилалӣ дорад.

Таърих[вироиш]

Владивосток соли 1860 ҳамчун дидбонгоҳи ҳарбӣ дар соҳили халиҷи Димоғаи Тилоӣ (Золотой Рог) аз ҷониби гурӯҳи киштии бодбондорӣ «Манчжурия» бунёд гардид. Аз аввали солҳои 70 асри 19 бандари Владивосток дар савдои Руссия дар уқёнуси Ором мавқеи асосиро ишғол мекунад. Соли 1881 ба Владивосток пойгоҳи ҳарбии баҳрии Сибир кӯчонда шуд. Аз соли 1880 шаҳр, аз соли 1888 маркази вилояти Примория. Соли 1897 то Хабаровск р. о. сохта, соли 1903 ба Маскав хатти мустақили р. о. гузаронда шуд. Соли 1918 ба Владивосток десантчиёни қувваҳои ҳарбии Ҷопон, Амрико ва Британия фуруд омаданд. Солҳои 1918-20 дар шаҳр ҳукумат якчанд бор иваз шуд. Солҳои 1920-22 дар ҳайати Ҷумҳурии Шарқи Дур, аз соли 1922 дар ҳайати ҶШФСР. Аз соли 1932 маркази вилояти Приморияи кишвари Шарқи Дур, аз соли 1938 кишвари мустақили Примория. Владивосток — маркази бузурги саноатии Примория. Дар Владивосток заводҳои киштисозӣ ва таъмири киштӣ, истеҳсоли мошинаҳо барои коркарди моҳӣ ва харчанг, саноати хӯрокворӣ (комбинатҳои моҳӣ, гӯшт, шир, қанд), масолеҳи бинокорӣ (заводҳои конструксияҳои оҳанубетонӣ, хонасозии калонпанел ва ғ.) мавҷуданд. Владивосток пойгоҳи шикори кит, харчанги баҳрӣ ва моҳӣ мебошад. Шаҳр дар соҳилҳои серхарсанг ва нишебиҳои теппаҳо ҷойгир аст. Хатти соҳилиро нимҷазираҳои Шкота (Эгершелд), Назимов, Басаргин ташкил медиҳанд. Ҳудуди шаҳрро водиҳои нишеби рӯдҳои хурд, ки аз кӯҳҳои Сихотэ-Алин ибтидо мегиранд, бурида мегузаранд. Дар Владивосток Университети Шарқи Дур, ун-ҳои техникӣ, техникаи саноати моҳӣ, Университети баҳрии ба номи Г. И. Невел, Университети иқтисодии уқёнуси Ором, Университети тиббии Владивосток, Академияи санъат, Институти ҳарбии баҳрии ба номи С. О. Макаров ва ғ., маркази илмии АИ Руссия дар Шарқи Дур бо пажӯҳишгоҳҳои илмии соҳавӣ, Осорхонаи муттаҳидаи Примория ба номи Владивосток К. Арсенев, Осорхонаи флоти уқёнуси Ором, нигористон, театрҳои драма ва лӯхтак, филармония, сирк фаъолият доранд. Қад-қади халиҷи Амур (14-28 км дуртар аз Владивосток) якчанд осоишгоҳи иқлимӣ ва лойқагӣ мавҷуд аст.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Алексеев А. И., Как начинался Владивосток. Владивосток, 1985;
  • Владивосток. Штрихи к портрету. Владивосток, 1985;
  • Матвеев Н. П., Краткий исторический очерк г. Владивостока. Владивосток. 1990;
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2007.

Сарчашма[вироиш]