Владимир Векслер
Таърихи таваллуд | 19 феврал (4 март) 1907 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 22 сентябр 1966[1][2] (59 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | физики заррот[d] |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва метематика[d] |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Yakov Umanskiy[d] |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Влади́мир Ио́сифович Ве́кслер (19 феврал [4 март] 1907, Житомир[d], Volhynian Governorate[d], Русияи подшоҳӣ[1] — 22 сентябр 1966[1][2], Маскав[1]) — физикдони шӯравӣ, академики АИ ИҶШС (1958, узви пайваста, 1946), академик-котиби шуъбаи физикаи ҳастаи АИ ИҶШС (1963—1966).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Институти энергетикии Маскав (1931). Дар Институти умумииттиҳодии электротехникӣ (аз 1930), Институти физикаи АИ ИҶШС (аз 1936), ҳамзамон дар Дубна (аз 1949) кор кардааст. Аз соли 1954 асосгузор ва роҳбари лабораторияи физикаи энергияҳои баланди Институти пажӯҳиши ҳаста дар Дубна. Корҳои илмии асосиаш ба принсипҳои физикии шитобдиҳии зарраҳои барқанок (заряднок), физикаи энергияҳои баланд, нурҳои кайҳонӣ бахшида шудаанд. Усулҳои нави шитобдиҳии зарраҳои барқанокро таҳия намудааст. Нахустин таҳқиқоти Владимир Векслер ба нурҳои кайҳонӣ вобаста буда, дар кӯҳҳои Помир ва Элбрус сурат гирифтааст. Дар он ҷо ӯ равандҳои ҳастаиро, ки ба зарраҳои баланд энергияи афканишоти кайҳонӣ вобастаанд, омӯхта, намуди нави селҳоеро ошкор сохт, ки минбаъд селҳои электронию ҳастаӣ ном гирифтанд. Соли 1944 новобаста ба Э. Макмиллан принсипи барои рушди ояндаи техникаи суръатафзо хеле муҳим — принсипи худфазагириро кашф кард. Ин принсип имкон дод, ки ҳадди дастраси энергияи зарраҳо ҳазорҳо баробар зиёд карда шавад. Принсипи худфазагирӣ ба тарҳрезӣ шудани шаклҳои гуногуни суръатфизоҳои зарраҳои барқанок — фазотронҳо, синхрофазотронҳо, синхротронҳо низ мусоидат кард. Солҳои 1956—1966 асосҳои усули маҷмӯии суръатфизоиро таҳия намуд. Бо роҳбарии Владимир Векслер дар Дубна нахустин дар ИҶШС синхротрон (1947) ва синхрофазотрон (1957) сохта шуд. Соли 1960 дар синхрофазотрон Владимир Векслер ва ҳамкоронаш зарраи бунёдии анти-сигма-минус-гиперонро кашф карданд, ҷараёни тавлиди зарраҳои аҷибро (онҳоро пи-мезонҳо ҳосил мекунанд) омӯхтанд, физикаи пионҳоро таҳқиқ намуданд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС (1950), Мукофоти ленинӣ (1959), Мукофоти байналмилалии «Ҳаста барои сулҳ» (1963). Бо 3 ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 Векслер Владимир Иосифович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 2.0 2.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Векслер Владимир Иосифович // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 4 март
- Зодагони соли 1907
- Зодагони Империяи Русия
- Даргузаштагони 22 сентябр
- Даргузаштагони соли 1966
- Даргузаштагони Маскав
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»
- Барандагони Мукофоти ленинӣ
- Барандагони Мукофоти сталинӣ
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Физикдонон аз рӯи алифбо