Jump to content

Владимир Голенишев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Владимир Голенишев
русӣ: Владимир Голенищев
Таърихи таваллуд 17 (29) январ 1856
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 5 август 1947(1947-08-05)[1] (91 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ мисршиносӣ[d][2]
Ҷойҳои кор
Алма-матер

Голенишев Владимир Семёнович (17 [29] январ 1856, Санкт-Петербург5 август 1947[1], Нис[d]) — шарқшиноси рус, яке аз бунёдгузорони мактаби мисршиносӣ, ошуршиносӣ дар ҷаҳон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишгоҳи Петербург (1879), донандаи 12 забон (аз ҷумла қибтӣ, ошурӣ, аккадӣ, юнонӣ, арабӣ ва ғ.) буд. Г. фаъолияти илмиашро аз давраи донишҷӯӣ оғоз карда, дар Конференсияи байналмилалии шарқшиносони ш. Петербург (1876) папирусҳои «Андарзҳои Мерикара» ва «Нубуввати Неферти»-и Эрмитажи Давлатиро муаррифӣ кард. Аз соли 1879 ба Миср сафар карда, катиба ва тасвироти зиёдеро (тақр. 6 ҳазор адад) дар марказҳои бостонии водии Ҳамомат (1884-85), Тал-ал-Масхута (1888-89) дарёфт ва ба илм ворид кард, ки нодиртаринашон Папируси математикии Маскав, сафарномаи Унвамон ба Финикия ва расмҳои Фаюм буд. Г. солҳои 1886-89 сарпарасти маҷмӯаи ёдгориҳои мисрӣ ва ошурии Шуъбаи бостонии Эрмитажро ба уҳда дошт. Баъди фурӯши нигораҳои бостониаш ба ҳукумати шоҳии Русия (соли 1908) Г. дар Фаронса ва Миср зиндагӣ карда, дар Донишгоҳи Қоҳира кафедраи омӯзиши таърихи бостонии маданияти Мисрро кушод, ки солҳои 1923-29 роҳбарии онро ба уҳда дошт. Г. баъди ба нафақа баромаданаш (1929) ба таҳияи асараш «Синтаксис дар забони қадимаи мисрӣ» машғуд шуд, ки чун асарҳои дигараш то ҳол нашр нашудааст. Коллексияи Г. имрӯз дар Музейи давлатии санъати тасвирии ба номи А. С. Пушкин маҳфузанд. Ба муносибати 150 солагии Г. (2006) нимпайкарааш дар Маҷмуаи ёдгории О. Мариэттаи боғи рӯ ба рӯи Осорхонаи миллии Қоҳира гузошта шуд.

  • Струве В. В. К столетию со дня рождения В. С. Голенишева.// Вестник древней истории, 1957, № 2;
  • Головина В. А. В. С. Голенишев: основные вехи биографии// Вестник древней истории, 2006, № 4.