Jump to content

Владимир Голубев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Владимир Голубев
Таърихи таваллуд 21 ноябр (3 декабр) 1884
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 4 декабр 1954(1954-12-04)[1] (70 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ theory of differential equations[d]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва метематика[d]
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Dmitri Egorov[d]
Ҷоизаҳо
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Ситораи Сурх Medal "For the Victory over Germany in the Great Patriotic War 1941–1945" Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945»
Honoured Worker of Science and Technology of the RSFSR

Влади́мир Васи́лйевич Го́лубев (21 ноябр [3 декабр] 1884, Сергиев Посад[d], Губернияи Маскав4 декабр 1954[1], Маскав, ҶШФСР[d], ИҶШС[1]) — риёзидон ва механики рус. Узви вобастаи АИ ИҶШС (1934), генерал-майори хадамоти муҳандисию техникӣ (1951). Корманди хидматнишондодаи илм ва техникаи Федератсияи Русия (1943).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии ба номи М. В. Ломоносови Маскав (1908). Солҳои 1917-30 дар Донишгоҳи Саратов кор кардааст (аз 1917 профессор), аз соли 1930 профессор Донишгоҳи давлатии Маскав ва муҳандиси калони Институти марказии аэроҳидродинамикӣ. Аз соли 1932 мудири кафедраи математикаи олӣ дар Академияи ҳарбию ҳавоии ба номи Н. Е. Жуковский. Аввалин декани факултаи механика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Маскав (1933-34). Г., асосан, оид ба назарияи функсияҳои таҳлилӣ ва назарияи таҳлилии муодилаҳои дифференсиалӣ таҳқиқот гузаронида, корҳои С. А. Чаплигинро оид ба татбиқи ифодаҳои математикӣ дар аэромеханика ҷорӣ намудааст. Дар назарияи қабати сарҳаддӣ таносубҳои интеграли (таносубҳои Голубев)-ро таҳия намуда, усули интегралгирии муодилаи ғайрихаттии Полгаузенро кашф карда, таҳқиқоти муодилаи дифференсиалии қабати сарҳаддии муодиларо бомуваффақият анҷом дод. Владимир Голубевмеханизми сохтани қанот ва назарияи қанотсозиро такмил дода буд. Дар соҳаи таърихи математика низ таҳқиқот анҷом додааст.

Владимир Голубевбо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, 4 ордени «Ситораи Сурх» ва медалҳо сарфароз гардидааст.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Голубев Владимир Васильевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  2. Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.