Водӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Водӣ — мафҳуми геоморфологӣ буда, шакли релефи Замин аст, ки дар натиҷаи шусташавӣ аз боришоти атмосферӣ ва обҳои ҷорӣ ба вуҷуд омадааст.

Водӣ дар сатҳи замин аз нишебӣ ва пастхамиҳои нобаробар иборат аст. Водӣ дар оғоз аз селобаҳои мавсимӣ ҳамчун ҷар ва сойҳо пайдо шуда, то ба ҳавзае расидан ба худ чандин водии дигарро ҳамроҳ мекунад ва тадриҷан васеъ мешавад. Дар ибтидо боришот сатҳи заминро яксон мешӯяд. Инро шусташавии ҳамворӣ ё сатҳӣ мегӯянд. Сипас ҷӯякҳои оби боришоти атмосферӣ бо ҳам як шуда, ҷараёни пайдарпайро ҳосил намуда, охурчаҳоро мешӯяд, ки дар натиҷа шусташавии сатҳӣ ба шусташавии ҷарҳосилкунанда табдил меёбад. Дар ин ҳолат ҷарҳо ва сойҳо ба вуҷуд меоянд. Онҳо водиҳои муваққатии маҷрои об ба ҳисоб мераванд. Пайдоиши ҷарӣ шароити хосро талаб менамояд, ки муҳимтаринашон инҳоянд; мавҷудияти нишебиҳои ростфуромада; мавҷудияти ҷинсҳои ковоки осоншусташаванда; иқлиме, ки дар вақташ ҷоришавии обро таъмин менамояд; мавҷуд набудани сабзиши зичи наботот.

Ҷарии дар чунин шароит ҳосилшуда ба худ чандин шохаи дигарро ҳамроҳ менамояд. Баробари ба қабати обногузар расидани ҷар обҳои зеризаминӣ дар зери он ҳамчун ҷӯйча ҷорӣ мешаванд. Дар натиҷа ҷар ба сой табдил меёбад. Сойҳо ба ҳам пайваст шуда, дарёчаро ташкил мекунанд. Водӣ дорои нишебӣ ва дарозӣ мебошад. Нишебиҳо аз нигоҳи зоҳирӣ ростфуромада, рости нишеб, фурӯхамида, барҷаста, зинавӣ ва мураккаб (бо ҳама унсурҳои нишебӣ) мешаванд. Вобаста ба фосила, давраи пайдоиш, сохти геологӣ, релйефи маҳал, иқлим ва дигар унсурҳои табиӣ, ки ба иқлим вобаста аст, водиҳо танг, амиқи қаърашон танг, V- шакл, умқашон тахту ҳамвор ва новашакл мешаванд. Водиҳои новашакл дар минтақаи баландкӯҳҳо дар натиҷаи ҳаракати пиряхҳо ба вуҷуд меоянд. Дар адабиёти ҷуғрофиёӣ онҳоро пастхамиҳои байникӯҳӣ меноманд, ки ба дарё мансубият надоранд. Водиҳои Олой, Паси Олой, Ҳисору Олой, Фарғона ва ғ. аз қабили онҳо мебошанд. Чунин водиҳо аз нигоҳи геоморфологӣ номгузорӣ шудаанд ва дар онҳо зичии аҳолӣ хеле зиёд аст. Аз ин нигоҳ водиҳоро ба кӯҳӣ ва даштӣ ҷудо намудаанд. Водиҳои кӯҳӣ амиқу камбар, даштӣ – фароху ҳамворанд. Аз ҷиҳати самти хобиши қабати ҷинсҳои таҳнишаст водиҳои барқад бо таркиб ва тарзи хобиши қабатҳо аз дигар водиҳо тафовут доранд (водиҳои ҷанубу ғарби Тоҷикистон ва Помири Ғарбӣ) ва кӯндаланг – водӣ рафти хобиши ҷинсҳоро миёнбур кардааст (водӣҳои д-ҳои Панҷ, Фон, поёноби Хингоб) ва уреб (водиҳои болооби д. Вахш) мешаванд. Дар онҳо қабати ҷинсҳои кӯҳӣ ба таври синклиналӣ, антиклиналӣ, моноклиналӣ, кандашуда ва фурӯзаминӣ хобидааст. Вобаста ба сохти геологӣ, релйеф, иқлим, хоки ҳар як водӣ дорои сарватҳои табиӣ, наботот ва ҳайвоноти хос мебошад. Водиҳои калонтарини Тоҷикистон Вахш, Зарафшон, Вахон ва Ҳисор мебошанд. Як қисми водии Фарғона низ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст.

водиҳо на танҳо дар хушкӣ, балки дар зери баҳру уқёнусҳо низ ташакул ёфтаанд. Онҳо макони наботот ва ҳайвоноти обӣ мебошанд. Дар зери баҳрҳо ва уқёнусҳо дар қатори он водиҳое, ки дар натиҷаи ҳаракати қишри зери уқёнус (чиншавӣ, бардошташавӣ, фурӯравӣ) ташаккул ёфтаанд, водиҳое ҳастанд, ки дар натиҷаи фурӯравии поёноби водии дарёҳо ва бардошташавии сатҳи оби баҳрҳо, обшавии пиряхҳои қитъавии давраи яхбандӣ, дамидани оби уқёнуси Олам ё фурӯравии қитъаҳои ҷудогонаи хушкӣ зери об мондаанд. Инсоният водиҳоро аз замонҳои қадим истифода мебарад. Дар ибтидо водиҳое обод карда шуданд, ки мавқеи ҷуғрофиёӣ ва шароити табиии хуб доранд. Ба чунин водиҳо пеш аз ҳама водии д-ҳои Ҳинду Ганг, Нил, Даҷлаву Фурот, Хуанхэ, Янсзи ва ғ. дохил мешаванд. Халқҳои дар ин водиҳо маскуншуда дар инкишофи тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳоло вобаста ба афзудани нуфуси аҳолӣ ва зичии он дар В-ҳои даштӣ, дар миқёси ҷаҳон масъалаи аз худ намудани водиҳои кӯҳӣ ба миён омадааст.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Половинкин А. А. Основы общего землеведения. М., 1956;
  • Энциклопедический словар географических терминоводӣ М., 1968;
  • Шубаев А. Т. Общее землеведение. М., 1977.

Сарчашма[вироиш]