Воеводина

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Воеводина (аз олм. Htezogtym – гертсогӣ) — номи вилояти таърихӣ ва кишвари мухтор дар ҳудуди Югославия, алҳол дар ҳайати Ҷумҳурии Халқии Сербия.

Масоҳати он 21,5 ҳазор км2. Аҳолиаш омехта: сербҳо, маҷорҳо, хорватҳо ва руминиҳо. Марказаш ш. Нови-Сад. Номи Воеводина аз музофоти герсогӣ дар ҳайати империяи Австрия дар нимаи асри 19 падид омадааст. Аз асри 6 дар ҳудудҳои Воеводина славянҳо ва аз интиҳои асри 9 дар он маҷорҳо сокин мешаванд. Дар охири асри 16 Воеводина таҳти ҳукмронии империяи Усмонӣ қарор мегирад. Воеводина чун яке аз вилоятҳои Сербия дар замони ҳукмронии Усмониҳо аз ҷиҳати иқтисодию фарҳангӣ хеле тараққӣ кард. Моҳи майи 1948 кумитаҳои халқии скупшина дар қисмати ҷануби Маҷористон бо дастгирии сербҳо мухторияти Воеводина-ро эълон намуданд, аммо ҳукуматдорони маҷор ин дархостро напазируфтанд. Воеводина дар асри 19 тадриҷан ба маркази эҳёи тамаддуни сербҳо табдил ёфт. То охири Ҷанги якуми ҷаҳон (1914–18) ба ҳайати империяи Австро–Венгрия дохил буд. Аз 1.12.1918 Воеводина ба ҳайати подшоҳии сербҳо, хорватҳо ва славянҳо ворид гашт, ки он соли 1929 номи Югославияро гирифт. Дар рафти Ҷанги дуюми ҷаҳон (1939–45) Воеводина ба ҳайати Маҷористон даромада, дар охири ҷанг аз нав ба Югославия ҳамроҳ шуд. Воеводина аз соли 1946 дар ҳайати Югославия ба вилояти мухтор табдил ёфт. Соли 1989 мухторияти Воеводина аз ҷониби Президент С. Милошевич барҳам дода шуд. Баъди талошҳои истиқлолхоҳӣ ва муборизаи пайгиронаи ташкилоти сиёсӣ соли 1996 ҳуқуқҳои мухторияти Воеводина қисман барқарор карда шуд. 23.1.2002 қонун дар бораи мухторияти Воеводина ба тасвиб расид ва он аз соли 2003 ҳамчун музофоти автономӣ дар ҳайати Сербия шинохта шуд. Ба ҳудудҳои Воеводина музофоти таърихии Бочка, Банат ва Срем дохил мешаванд, ки дар байни рӯдхонаҳои Дунай ва Тиса воқеанд.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]