Воизи Балхӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Воизи Балхӣ

Воизи Балхӣ (форсӣ: واعظ بلخی‎), Абубакр ибни Умар ибни Муҳаммад ибни Довуд (тав. тақр. 1120) — воиз, фақеҳ, таърихнигори тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз Абубакр Муҳаммад ибни Аҳмад Иброҳим Зоҳиди Балхӣ ҳадис шунида, дар маросими ваъзи ӯ иштирок дошт. Асари асосии Воизи Балхӣ «Фазоили Балх» мебошад, ки онро бар асоси равияи таърихнигории маҳаллӣ таълиф намуда (1214), дар бораи аҳвол ва осори шайхон, фақеҳону муҳаддисони мактаби фиқҳии ҳанафии Балх (зиёда аз 70 нафар) маълумот додааст. Воизи Балхӣ баъд аз зикри аҳволи ҳар донишманд як ё ду ҳадиси ривояткардаи онҳоро аз қавли шогирдонашон овардааст. Воизи Балхӣ нооромиҳои сиёсӣ, муборизаҳои дохилии ҳокимони маҳаллӣ, муҳоҷирати аҳли илму адаби Мовароуннаҳрро дар замони Хоразмшоҳиён ба Балх зикр карда, заминаҳои ташаккули ҳавзаи илмӣ ё дорулиҷтиҳоди мактаби фиқҳии ҳанафиро дар Балх нишон додааст. Воизи Балхӣ баъзе паҳлуҳои зиндагии донишмандони мовароуннаҳрӣ, ба мисли Варроқи Тирмизӣ, Наср ибни Муҳамади Самарқандӣ, Ҳасан ибни Алии Вахширо дар асараш равшан намудааст. «Фазоили Балхӣ» баъди даҳ соли таълиф дар натиҷаи тохтутози муғулҳо аз байн рафта, танҳо тавассути тарҷумаи форсии Абдуллоҳ Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Ҳусайн Ҳусайнии Балхӣ (соли 1287) то имрӯз расидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • عارف نوشاهی. نسخۀ نویافته فضايل بلخ// معارف، شمارۀ 2، 1381ش.؛
  • فضايل بلخ. صفی الدین بلخی. تصحیح و تحشیه عبدالحی حبیبی، تهران. 1388ش.ر

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]