Воизи Ҳиравӣ
Зоҳир
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Воизи Ҳиравӣ (форсӣ: واعظ هروی), Мавлоно Муин ибни Мавлоно Муҳаммади Фараҳӣ — воиз ва шоири форс-тоҷик (асри 15).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин шахс дар «Маҷолису-н-нафоис»-и Алишери Навоӣ чун воизи хуби кишвари Хуросон муаррифӣ гардидааст. Ваъзҳои ӯ мақбули хоссу авом будаанд. Барои озодона иброз доштани андешаҳояш ва дучор гардидан ба таъқиб худро девона вонамуд мекард. Шеър ҳам мегуфтааст. Ин байт аз ӯст:
Магар фасли баҳор омад, ки олам сабзу хуррам шуд,
Магар васли нигор омад, ки дил бо васл ҳамдам шуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- نوایی علیشیر. مجالس النفایس. تهران، 1362 هـ. ش
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Воизи Ҳиравӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.