Воизӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Воизӣ
Навъи фаъолият: шоир

Воизӣ (форсӣ: واعظی‎), Ҳаким Абубакр ибни Муҳаммади Балхӣ — шоири форс-тоҷик (асри 12).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз шоирони Хуросон аст. Дар манбаъҳои адабӣ («Лубобу-л-албоб») ба унвони «Ҳаким» ёд шудаст. Дар замони оли Салчуқ зиста ва ба зуҳду вараъ ва ашъори ситоишии мазҳабӣ шуҳрат доштааст. Аз тахаллусаш бармеояд, ки ба ваъз гуфтан низ машғул будааст. Ба мавзӯъҳои динӣ — тавҳид, ваҳдати вуҷуд, фазилатҳои Пайғамбари ислом ва хислату аъмоли саҳобагон таваҷҷуҳ доштааст. Қасидаи тавҳидии зерин аз ӯст:

Не аз Зуҳал бадию на некӣ зи Муштарӣ,
Ҳаст ин ҳама зи Довару нек аст доварӣ.
Ҳар неку бад ки ҳаст, зи тақдиру ҳукми ӯст,
Н-аз даври дойирасту на аз чархи чанбарӣ.
Андӯҳу ранҷу роҳату шодию иззу зул (л),
Ранҷу анову фоқаву молу тавонгарӣ.
Бахти ҷавону давлати масъуду рӯзи саъд,
Бадбахтию балову анову бадахтарӣ.
Аз разму адли Ҳақ шумар, аз худ мадон ту, то
Номи ҳаво зи номаи аъмол бистарӣ.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • محمد عوفی. لباب الا لباب. تهران. ۱۳۳۵

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]