Вокзали роҳи оҳани Душанбе
Вокзали роҳи оҳани Душанбе — маҷмӯи иншооти марказии мусофирбарии роҳи оҳани Душанбе барои хидматрасонӣ ба мусофирон ба воситаи қатораҳои мусофирбари байналмилалӣ, дохилиҷумҳуриявӣ ва наздишаҳрӣ. Қисми таркибии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон».
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Аввалин вокзал соли 1936 дар ш. Душанбе дар назди истгоҳи кунунии Душанбе-1 бунёд гардид, ки бинои якошёнаи хиштини дорои як толори хурд ва ду-се утоқи корӣ буд. Он то соли 1960 ҳамчун нуқтаи қабулу гусели мусофирон фаъолият мекард. Иморати имрӯзи вокзал соли 1963 аз рӯйи лоиҳаи меъморон Л. Н. Травянко ва вокзал Э. Русанов сохта шудааст. Бинои вокзал аз оҳану бетон, шиша ва пластика сохта шуда, бо кошинкорӣ ороиш ёфтааст. вокзал шуъбаҳои хидматрасонӣ, толори интизорӣ, қабул ва гусели мусофирон, толори меҳмонони расмӣ, нуқтаҳои чиптафурӯшӣ, бағоҷхона, ҳуҷраи модару кӯдак, шуъбаи батанзимдарории ҷойҳо, шуъбаи ҳисобот, идораи маълумотдиҳӣ, нуқтаи мубодилаи асъор, сартарошхона, қаҳвахона дорад. Дар байн майдони назди вокзал воқеъ гардидааст. Гирди майдон истгоҳҳои нақлиёти мусофиркашонии шаҳрӣ, автомобилҳои шахсӣ ва нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ҷойгиранд. Фаввораи байни майдони вокзал ва гулҳои рангоранги атрофи он назаррабоянд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вокзали роҳи оҳани Душанбе // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.