Jump to content

Вокуниш

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Вокуниш (аксуламал, акси амал) — амале, ки дар ҷавоби коре карда шавад.

Дар журналистика матолибест, ки бо усули таҳлил бо такя ба факту далел, барои нишон додани ҳақиқати ҳол, ки дар он воқеа таҳриф ва факту далелҳои мавзӯе нодуруст истифода шудааст, ба таври мухтасар навишта мешавад. Вокуниш муодили мафҳумҳои ҷавобия ва раддия аст, ки дар матбуоти пеш аз замони истиқлол зери рубрикаҳои «Акси садои хонандагон», «Ба редаксия ҷавоб омад» навишта мешуд. Пас аз фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводди танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» (№ 622, 7 феврали 2009) вокуниш мақоми расмӣ пайдо кард, ки моҳияти таъмини фазои солими иртиботӣ байни соҳибмансабон ва ВАО-ро дорад ва дар ташаккули вокуниш ҳамчун матни публитсистӣ замина гузошт. Тибқи фармони мазкур роҳбарони ВАО уҳдадор шудаанд, ки таъмини воқеият ва таъсирбахшии маводди танқидӣ ва таҳлилиро вазифаи асосии фаъолияти хеш шуморанд; дар барномаҳои радио ва телевизион, саҳифаҳои рӯзнома ва маҷаллаҳо инъикоси саривақтии натиҷаҳои Вокунишро ба маводди танқидӣ ва таҳлилӣ таъмин намоянд; Роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ҷиҳати вокуниш ба мулоҳизаҳои танқидӣ ва пешниҳодҳое, ки дар ВАО иброз мегарданд, дар муҳлатҳои тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ муқарраргардида тадбирҳои бетаъхири мушаххас андешида, аз натиҷаи баррасии онҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори оммаи дахлдор иттилоъ диҳанд. Аз имконоти ВАО барои сари вақт хабардор намудани аҳолӣ аз ҷараёни иҷрои масъалаҳои дорои аҳаммияти ҷамъиятӣ истифода мешавад. Вокуниш аз ҷиҳати мақому мансубият расмӣ ва ихтиёрӣ ва аз рӯйи мавқеъгирӣ ба масъала тасдиқӣ ва инкорӣ мешавад. Вокунишҳои расмӣ аз тарафи шахсони мансабдоре навишта мешаванд, ки камбудҳои нишондодашуда ва ҳалли масъала ба онҳо дахл доранд. Вокунишҳои ихтиёриро шахсоне менависанд, ки ба ВАО муносибати интиқодӣ доранд, ба мазмуни нигоштаҳо бетараф нестанд. Аломати асосии вокуниши тасдиқӣ қоил шудан ба камбудҳои ошкоршуда ва ваъдаи ислоҳи онҳост. Дар Вокуниши инкорӣ муаллиф нодуруст будани маълумот, факту рақамҳоро собит намуда, ҳақиқати ҳолро исбот мекунад ва нишон медиҳад. Баъзан нашрияҳо акси сарчашмаи вокунишро ҳамчун факт дар саҳифа ҷой медиҳанд.

  • Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. (иборат аз 2 ҷ. ). Ҷ. 1. Д., 2008.