Jump to content

Волаи Аҷамӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Волаи Аҷамӣ
Навъи фаъолият: шоир

Волаи Аҷамӣ (форсӣ: والۀ عجمی‎), Сайидмуҳаммад фарзанди Муҳаммадбоқири Аҷамии Мусавӣ (? — 1770) — нависанда ва шоири форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз Хуросон ба Ҳиндустон кӯчида, дар Ҳайдаробод ба хидмати ҳукмрони он дохил шуд. Осори манзуму мансури боқимонда аз ӯ бад-ин қароранд: «Дастури назм» (таълифаш 1727) — дар усули шоирӣ ва илми арӯз. Аз муқаддима, се боб ва хотима иборат аст. Дар ин рисола ба авзони гуногуни арӯз шеърҳо аз шуарои форсигӯй ва худи В. А. оварда шудаанд. Нусхаҳояш дар Китобхонаи Осорхонаи Британия (№ Add 26237/3), Китобхонаи Осафияи Дакан (№ 14/1), Анҷумани осиёии Бангола (№ 1209) маҳфузанд; Маснавии ирфонии «Наҷму-л-ҳудо»-и ӯ (таълифаш 1736) дар асоси оёти қуръонӣ ва аҳодиси набавӣ эҷод шудааст (як нусхааш дар Анҷумани осиёии Бангола зери № 158 маҳфуз аст); «Қонунчаи иншо» — оид ба номанигорӣ, намунаҳои номаҳову арзадоштҳо оварда шудаанд, дар Китобхонаи Осафия (№ 14/2) ва Осорхонаи миллии Покистон дар Карочӣ маҳфуз аст (№ N M 1972-21); «Рисолаи кабӯтарбозӣ», «Кашфу-р-румуз», «Мирзонома» — достони ишқи Мирзо Шерафкани Гуҷаротӣ (шахси таърихӣ, ҳамзамони муаллиф). Се асари охирин низ дар китобхонаҳои номбаршудаи Ҳиндустон мавҷуданд. Дар Анҷумани осиёии Бангола асаре бо номи «Девони Вола» нигаҳдорӣ мешавад, ки онро низ ба Волаи Аҷамӣ мансуб медонанд.

  • دا نشنا مۀ اد ب فا ر سی. اد ب فا ر سی در شبه قا ره (هند، پا کستا ن، بنگلد ش) جلد چهارم، بخش سو م، تهرا ن، 1380 هـ. ش.ر