Волаи Дарвозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Волаи Дарвозӣ
Навъи фаъолият: шоир

Волаи Дарвозӣ (форсӣ: والۀ دروازی‎; тахаллусаш Вола), Ҳомидхоҷа фарзанди Хоҷа Раҳматуллоҳ (1795, деҳаи Хури Тавилдара — 1868, ҳамон ҷо) — шоири тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Илмҳои ибтидоиро аз падараш, ки шахси таҳсилдида буд, гирифта, дар мадрасаи зодгоҳаш таҳсилро идома додааст. Барои такмили дониш аз Дарвоз ба Ҳиндустон рафта, баъди бозгашт дар Дарвоз зиндагӣ кардааст ва ба таълиму тарбияи ҳамдиёронаш дар деҳаи Хур машғул шудааст. Вола дар байни мардуми Дарвоз обрӯву эътибор пайдо мекунад. Бо шоирону олимони Дарвоз (мас., бо Нодири Дарвозӣ) равобити хуби дӯстона доштааст. Аз бозмондагони Волаи Дарвозӣ писараш Саидалихоҷа Маҳҷури Дарвозӣ ва наберааш Суфӣ Муллокарим бо тахаллуси Акрами Дарвозӣ шоирони соҳибдевон гузаштаанд. Девони ашъори Волаи Дарвозӣ, мутаассифона, то ба имрӯз (2015) дастраси муҳаққиқон нагардидааст. Аммо намунаҳо аз эҷодиёташ ба таври пароканда дар баёзу ҷунгҳо мавҷуд аст. Дар татаббуъ ба ашъори Ҳофизи Шерозӣ ғазал мегуфтааст.

Намунаи осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Намунае аз мухаммаси Вола бар ғазали Ҳофиз:

Маро рӯзе, ки ай гардун, аз он маҳ дур афгандӣ,
Ба олам з-он сабаб ҳаргиз надидам рӯйи хурсандӣ,
Шабе ногаҳ дар он ҳолат ба уммеди барумандӣ
«Саҳар бо бод мегуфтам ҳадиси орзумандӣ
Хитоб омад, ки восил шав ба алтофи худовандӣ».
***
Намедонам чӣ кайфият бувад дар ишқи афсунсоз,
Набошад дар раҳаш аз якдигар шоҳу гадо мумтоз,
Касе огаҳ нашуд аз кори ӯ, сеҳрест ё эъҷоз?
«Қаламро он забон набвад, ки сирри ишқ гӯяд боз,
Варои ҳадди тақрир аст шарҳи орзумандӣ».

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ҳабибов А. Ганҷи парешон. Д., 1984;
  • Ғуломмуҳаммад Ҳиҷрати Дарвозӣ. Маҷмуаи адабиёти Дарвоз. Д., 2008;
  • افغانستان، آریانا. دائرةالمعارف. کابل، 1955؛
  • احمد نجیب بیضایی. سخنوران دروازی. کابل.1387 هـ. ش.ر

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]