Jump to content

Волаҳии Ҳиравӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Волаҳии Ҳиравӣ
Навъи фаъолият: шоир

Волаҳии Ҳиравӣ (форсӣ: والهئ هروی‎) — шоири тоҷик (асри 15).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Ҳирот зиндагӣ ва эҷод кардааст. Тибқи маълумоти тазкираҳои «Риёзу-ш-шуаро»-и Волаи Доғистонӣ ва «Маҷолису-н-нафоис»-и Алишери Навоӣ, аз шоирони давраи Султон Ҳусайни Бойқаро будааст. Намунаҳое аз ашъори Волаҳии Ҳиравӣ:

Беқимат аст пеши лаби лаъли ёр лаъл,
Бодо фидои лаъли лабаш сад ҳазор лаъл!


Он чашмаи ҳаёт, ки ёбанд ҷон аз ӯ,
Ҷуз оби ҳасратам набувад дар даҳон аз ӯ.

  • افغا نستان. آریانا دائرةالمعارف. کابل، 1955