Волаҳӣ
Зоҳир
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Волаҳӣ (форсӣ: والهی; ? — 1569) — шоири тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Давраҳои кӯдакӣ ва таҳсили ибтидоияш дар зодгоҳаш ˗˗ Балх гузаштааст. Аз шоирони маъруфи замонаш буда, аз илми шеър вуқуфи комил ва дар байни аҳли адаб, алалхусус, шоирони замон обрӯю эътибори зиёд доштааст. Шеър ба анвои гуногун ба забони форсӣ навишта, хусусан ғазал ва рубоиро неку мегуфтааст. Соҳибдевон аст. Абёти зерин аз ӯянд:
Гирифторе чу ман дар кунҷи меҳнат мубтало авло,
Ба кӯйи ошиқӣ афтода поҳои ҳино авло.
Ба дарди бедавои ишқ хурсандам, ки медонам,
Давои дардманди ишқ дарди бедаво авло.
Саре, к-аз ишқи хубе нест дар вай шӯру ғавғое,
Ба онам ман, ки он сарҳо беҳ аз танҳо ҷудо авло.
Ба тарфи кӯйи хубон хоҳам аз сар по кунам ҳар ду,
Ки дар кӯйи парирӯён ба сар рафтан зи по авло.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- افغانستان. آريا نا. دائرة المعا رف، کا بل، 1955
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Волаҳӣ / С. Ализода // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.