Вола ва Султон
«Вола ва Султон» (форсӣ: واله و سلطان) — маснавии ишқиест ба забони форсӣ аз Фақири Деҳлавӣ дар саргузашти шоир ва тазкиранигор Алиқулихон Волаи Доғистонӣ ва ишқи вай ба духтари амакаш Хадиҷасултон.
Чунонки дар достон омадааст, ахтаршиносон дар тақдири Вола ишқу ошиқиро пешгӯӣ карда буданд. Ӯ аввал ба духтари амакаш ошиқ ва сипас номзад шуда буд, вале ба сабаби баъзе ноамниҳо дар рӯзгор Вола ба висоли дӯстдоштааш нарасид. Модари духтар ӯро ба яке аз саркардаҳои афғон, ки муддате Исфаҳонро забт карда буданд, ба занӣ дод. Вола дар либоси дарвешӣ ба назди хонаи Хадиҷасултон мерафт ва онҳо мулоқот мекарданд. Аз ғаму андӯҳи фироқу ҳиҷрон Вола тарки ватан кард ва 14 сол сокини Ҳиндустон гардид. Дар ин муддат ҳам Вола ба Хадиҷа нома менавишт ва ҷавоб мегирифт. Дар Ҳиндустон Вола қиссаи ишқи нокомашро ба шоир Фақири Деҳлавӣ, ки ҳамзамон надими ӯ буд, ҳикоят кард ва ин шоир соли 1747 достоне дар 3230 байт дар вазни «Лайлию Маҷнун»-и Низомии Ганҷавӣ иншо намуд. Дар достон ҳам воқеияти таърихӣ — зиндагии Вола ва ҳам хаёлоти бадеии шоир ба ҳам махлут шудаанд. Баъзе лаҳзаҳои ин асар лаҳзаҳоеро аз «Лайлию Маҷнун»-и Низомӣ ба ёд меоваранд.
Абёти зерин аз ин маснавиянд:
Ай он ки зи чарх кин надидӣ,
Гаҳ дар ҳама умр ин надидӣ.
Бишнав сухане зи ҳоли Вола
В-аз қиссаи пурмалоли Вола.
Дар видои Вола бо Хадиҷа чунин гуфтааст:
Аз кӯйи ту, ай нигор, рафтам,
Аммо ба дили фигор рафтам.
Он булбули бедилам, ки аз боғ
Дар ҷӯши гулу баҳор рафтам.
Маснавӣ соли 1903 дар Лондон ва соли 1976 дар Теҳрон ба табъ расидааст.
- Нашр
- واله و سلطان. تهران 1354، هـ. ش
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- دا نشنا مۀ اد ب فا رسی. اد ب فا رسی در شبه قا ره (هند، پا کستا ن، بنگلد ش). جلد چها رم، بخش سوم، تهرا ن، 1380 هـ. ش.ر
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вола ва Султон / М. Диловаров // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.