Волеҳи Исфаҳонӣ
Таърихи таваллуд: | 1609 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Волеҳи Исфаҳонӣ (форсӣ: واله اصفهانی; зод. 1609, Исфаҳон), Мирзо Муҳаммадюсуфи Исфаҳонӣ — таърихнигор, адиб ва шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Волеҳи Исфаҳонӣ дар ҷавонӣ баъди фарогирии илмҳои замон ба корҳои девонӣ ҷалб гардид. Баъди чанде бо пуштибонии бародараш Ваҳиди Қазвинӣ (вазир ва муаллифи «Аббоснома») ба хидмати девони олӣ ворид шуда, дар сафарҳои шоҳ, аз ҷумла ҳангоми лашкаркашии шоҳ Аббос ба Қандаҳор (соли 1648) ширкат дошт. Дар замони шоҳ Аббоси II (1642—1666) Волеҳи Исфаҳонӣ сарвари вазорати тӯпхона таъйин шуда (соли 1656), то замони ҳукмронии шоҳ Сулаймон (1666—1694) ин мансабро бар уҳда дошт. Волеҳи Исфаҳонӣ нахустин маъмурияти низомияшро дар сарҳадди Хуросон бар зидди Субҳонқулихони Аштархонӣ анҷом дод.
Аз ҷумлаи осори таърихии Волеҳи Исфаҳонӣ «Хулди барин» мебошад, ки дар заминаи таърихи умумӣ таълиф ёфтааст (1667). «Хулди барин» воқеаҳои таърихиро аз замони офариниши Одам то аҳди шоҳ Сулаймони Сафавӣ дар бар мегирад. Волеҳи Исфаҳонӣ рисолаи кӯтоҳе дар шарҳи хонадонаш дорад, ки гӯё бахши «Хулди барин» аст. Волеҳи Исфаҳонӣ дар назму наср маҳорат дошта, бо тахаллуси «Волеҳ» шеър мегуфт. Ашъоре аз вай дар тазкираҳо омадааст:
Чӣ кӯтоҳ аст шабҳои висоли гулрухон, ё Раб,
Худо аз умри мо бар умри ин шабҳо бияфзояд.
Панҷ писари Волеҳи Исфаҳонӣ амалдорони девонӣ ва хушнависони давраи сафавӣ буданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Волеҳи Исфаҳонӣ / Ҳ. Қурбонхон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Стори Ч. А., Персидская литература. Био-библографический обзор. Часть 1-2, М., 1972;
- دهخدا. لغت نامه. جلد ۱۵. تهران، ۱۳۷۷ش؛ محمد طاهر نصرآبادی. تذکرة الشعرا. تهران، ۱۳۷۸ ش.ر