Jump to content

Вологдин, Сергей Петрович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вологдин, Сергей Петрович
Таърихи таваллуд 24 август 1874(1874-08-24)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 6 июн 1926(1926-06-06)[1] (51 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Ҷойҳои кор
 Парвандаҳо дар Викианбор

Сергей Петрович Вологдин (12 августи 1874, губернияи Перм — 6 июни 1926, Новочеркасск) — филиззшиноси рус. Бародари Валентин Петрович Вологдин.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Институти технологии Петербург (1897). Аз соли 1899 дар заводи Ҷамъияти фаронсавию русии заводҳои Петербург кор мекард. Соли 1905 узви Шӯрои вакилони коргарони Петербург ва узви Кумитаи иҷроияи Шӯро интихоб шудааст. Дар охири соли 1905 ҳабс ва ба хориҷи кишвар бадарға шуд. Солҳои 1906–09 дар лабораторияи А. Ле Шателйеи Порис кор кардааст. Аз соли 1909 профессор Институти политехникии Дон (ҳоло Новочеркасск). Сергей Вологдин муаллифи (якҷо бо М. Г. Евангулов) аввалин китоби дарсии русӣ оид ба филиззшиносӣ «Металлография» (1905) мебошад.

  1. Вологдин Сергей Петрович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.