Jump to content

Волост

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Волост (русӣ: Волость) — хурдтарин воҳиди ҳудудӣ-маъмурӣ дар Русия (асрҳои 19-20) ва солҳои аввали мавҷудияти Ҳокимияти шӯравӣ.

Дар Руси Қадим волост ба маънои замини мулк истифода шуда, баъдан ҳамчун воҳиди ҳудудӣ-маъмурӣ заминҳои якчанд ҷамоаи деҳқониро муттаҳид мекард. Волостҳо бори аввал дар замони ҳукмронии Павели I (1796—1801) дар ҳайати уездҳо ташкил ёфтанд. Дар давраи ислоҳоти П. Д. Киселёв (1837-41) Волостҳо ба ҷамоатҳои деҳот тақсим шуда, дорои мақомоти худидоракунӣ буданд. Баъди забти Осиёи Марказӣ аз тарафи Русия дар ҳудуди генерал-губернатории Туркистон (1867) волостҳо ташкил ёфтанд. Тибқи Низомномаи идораи кишвари Туркистон (1892) Волост аз якчанд ҷамоати деҳот иборат буда, аз 1000 то 2000 хоҷагиро дар бар мегирифт. Масъалаи аз як уезд ба уезди дигар гузаронидани волост бо иҷозати генерал-губернатор ҳал карда мешуд. Сардори волост дар ҷаласаи намояндагони ҷамоатҳои деҳот ба муҳлати 3 сол интихоб ва аз ҷониби губернатори ҳарбӣ тасдиқ карда мешуд. Дар мавридҳои истисноӣ сардори Волостро шахсан генерал-губернатор таъйин мекард. Дар ҳудуди генерал-губернатории Туркистон 603 Волост вуҷуд дошт (1917). Баъди барпокунии тартиботи шӯравӣ дар Ҷумҳурии мухтори Шӯравии сотсиалистии Туркистон (1917) мувофиқи тартиботи собиқ дар ҷумҳурӣ 473 волост мавҷуд буд. Пас аз тақсимоти ҳудудӣ-миллӣ дар Осиёи Миёна (1924) тарзи идоракунии волостӣ ба идоракунии шӯрои маҳаллӣ ё худ ноҳиявӣ иваз карда шуд (1926). Волостҳо дар ҷараёни ислоҳоти маъмурӣ-ҳудудии солҳои 1923-29 дар ИҶШС барҳам дода шуданд.