Jump to content

Волта

Иҷозаи ибҳомзудоӣ
Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Волта (итол. Volta — дафъа, бор, карат; prima volta — маротибаи якум, seconda volta — маротибаи дуюм):

  • аломатест, ки ба болои тақтеъҳои хотимавии асари мусиқӣ гузошта мешавад. Волта дар он ҳолат истифода мешавад, ки оҳанги тақтеи қисми такрорёбандаи мусиқӣ (бори дуюм) тағйир ёфта, барои гузаштан ба қисми дигари мусиқӣ замина гузорад. Волтаи якум қисми аввали хотимаёбии мусиқӣ ва волтаи дуюм хотимаи онро ифода мекунад. Ҳангоми дар шакли банд-банд (куплетӣ) омадани асари мусиқӣ волтаи дуюми банди хотимавиро ифода менамояд;
  • рақси қадимии дукасаи итолиёӣ. Дар нимаи дуюми садаи XVI — аввали садаи XVII дар бисёр мамлакатҳои Аврупо маъмул буд, вале баъд аз байн рафт;
  • дар сирк доирае, ки онро асп бо савора дар манеж ҳангоми машқи ҳаракатҳои тобхӯрӣ давр мезанад;
  • яке аз навъҳои чобуксаворӣ — якбора тоб хӯрдани асп дар манеж ба чап ё ба рост;
  • дар ҳунари акробатӣ ва варзишӣ — тоб хӯрдани акробат, варзишгар ба 180º.
  • Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти санъат. Д, 2003;
  • Ҳабибов Ш. Луғати мухтасари истилоҳоти мусиқӣ. Д., 2004;
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV(1). М., 2007.
  • Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.88. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)