Волтасанҷ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Волтасанҷ, волтаметр — асбоб барои чен кардани миқдори электр аз рӯйи таъсири кимиёии ҷараён.

Волтасанҷ бӯтаи (тигел)-и платинагии бо маҳлули обии 20-40%-аи нитрати нуқра пуркардашудаест (1 — катод), ки ба он мила ё қурси нуқраи холис (2 — анод) ғӯтонида шудааст. Ҳангоми аз волтасанҷ гузаштани ҷараёни электрӣ нуқра дар сатҳи дохилии бӯта (3 — истакони ҷудокунанда барои зарраҳои ба таври механикӣ ҷудошудаи нуқра ва ғашҳои тасодуфии дигар) таҳшин мешавад. Миқдори ҷараёни электриро (q) аз рӯйи фарқи байни вазни бӯта то таҷриба g1 ва баъди таҷриба g2 ҳисоб мекунанд: q = g1-g2/m (m — муодил ё эквиваленти электрокимиёӣ). Волтасанҷ дар амалия хеле кам истифода шуда, ҷойи онро қариб тамоман ҳисобкунаки ампер-соат гирифтааст. Вақти гузаштани ҷараёни электриро тавассути волтасанҷ ҳисоб карда, миқдори миёнаи онро муайян намудан мумкин аст.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]