Волтсанҷ
Волтсанҷ, волтметр (волт + юн. μετρεω «чен мекунам») — асбоб барои бевосита чен кардани шиддат ё қувваи электрҳаракатдиҳанда (ҚЭҲ)-и занҷирҳои электрӣ.
Волтсанҷ ба бор ё манбаи энергияи электрӣ ба таври амудӣ васл карда мешавад. Нахустин волтсанҷ дар ҷаҳон «нишондиҳандаи қувваи электрӣ» аст, ки онро физики рус Г. В. Рихман (1745) кашф кардааст. Тарзи кори ин асбоб дар волтсанҷи электростатикӣ истифода шудааст.
Аз рӯйи амали худ волтсанҷҳо электромеханикӣ (магнитоэлектрӣ, электромагнитӣ, электродинамикӣ, электростатикӣ, ростгар, гармоэлектрӣ) ва электронӣ (шабеҳӣ ва рақамӣ), мувофиқи таъйиноташон волтсанҷҳои ҷараёни доимӣ, ҷараёни тағйирёбанда, импулсӣ, ба фаза ҳассос, интихобӣ (селективӣ), умумӣ (универсалӣ), аз рӯйи сохт ва тарзи истифодаашон лавҳавӣ, интиқолӣ ва собит мешаванд. волтсанҷҳои электромеханикӣ аз механизми андозагир ва таҷҳизоти нишондиҳанда иборатанд. Барои зиёд кардани ҳудуди санҷиш дар чунин волтсанҷ муқовимати иловагиро истифода мебаранд. волтсанҷҳои электромагнитӣ одисохту арзон ва барои истифода мувофиқ буда, одатан, чун асбоби собит ба лавҳаҳои тақсимотии неругоҳҳои барқию корхонаҳои саноатӣ ва аҳёнан ба асбобҳои озмоишӣ васл мегарданд.
Волтсанҷҳои магнитоэлектрӣ ҳассосу саҳеҳтар бошанд ҳам, фақат барои чен кардани шиддати занҷирҳои ҷараёни доимӣ корбаст мешаванд. Вале барои чен кардани шиддати занҷирҳои ҷараёни тағйирёбанда волтсанҷҳои магнитоэлектриро дар маҷмӯъ бо табдилдеҳи гармоэлектрӣ, нимноқилӣ ё электронию лампавӣ ба кор мебаранд, ки волтсанҷҳои ростгар, гармоэлектрӣ ва электронӣ ном доранд.
Волтсанҷҳои ростгар аз маҷмӯи асбоби санҷишии (ченкунанда) ба ҷараёни доимӣ ҳассос ва олати ростгар иборат мебошанд. волтсанҷи гармоэлектрӣ асбобест, ки дар он ҚЭҲ-и як ё якчанд ҷузъи гармоҳассос — гармоҷуфт (термопара)-ро (ки бо ҷараёни сигнали воридотӣ гарм мешаванд) истифода мебаранд. Бо волтсанҷҳои электронӣ шиддати занҷирҳои радиоэлектрониро чен мекунанд.
Волтсанҷи электронии шабеҳӣ аз табдилдеҳи электронӣ, микросхемаҳои интегралӣ ва санҷишгари магнитоэлектрӣ, волтсанҷи электронии рақамӣ аз табдилдеҳи шабеҳии рақамӣ ва индикатори рақамӣ иборат аст. волтсанҷҳои электронӣ муқовимати вурудии зиёд дошта, (бештар аз 1 МОм), фавқулҳассосанд ва фосилаи бузургии шиддатҳои ченшавандаашон васеъ аст (аз даҳҳо нВ дар ҷараёни доимӣ то даҳҳо кВ), дар фосилаи фарохи басомад (аз ҷараёни доимӣ то басомади садҳо МҲс) кор мекунанд, ба афзунборӣ тобоваранд ва бузургии шиддатҳои амплитудавӣ, амалкунанда ва миёнаро чен менамоянд. Навъҳои мухталифи андозагирҳои шиддат ва ҚЭҲ мавҷуданд, ки қудрати чен кардани бузургиҳои гуногуни шиддатро доранд. Мас., нановолтметр шиддати бениҳоят хурд (камтар аз 1 мкВ), микроволтметр шиддати хеле паст (камтар аз 1 мВ), милливолтметр шиддати паст (аз 1 то садҳо мВ), волтсанҷ шиддати муқаррарӣ, киловолтметр шиддатҳои хеле баландро (бештар аз 1 кВ) чен мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Волтсанҷ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.