Волюнтаризм
Волюнтари́зм (лот. voluntas — ирода) — равияи фалсафиест, ки иродаро принсипи олии ҳастӣ шумурда, онро дар ҳастии маънавӣ дар мади аввал мегузорад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Волюнтаризм дар муқобили ратсионализм қарор дошта, ҳолатест вобаста ба баъзе лаҳзаҳои ҳалкунанда дар раванди қабул ва воқеӣ гардондани қарори сиёсӣ ва ирода. Мафҳуми волюнтаризмро бори нахуст Ф. Теннис соли 1883 истифода кардааст. волюнтаризм субъективияти мақсадҳо ва озодии интихоби воситаҳоро пеша намуда, на ҳама вақт қонунҳои воқеии инкишофро ба ҳисоб мегирад, аз ин рӯ, ба авторитаризм ё тоталитаризм, инқилобчигии барзиёд ё анархизм оварда мерасонад. Андешаҳои волюнтаризмро дар таълимоти Августин, И. Кант, И. Г. Фихте, Шеллинг, Г. Гегел, А. Шопенгауэр, Э. Гартман пайдо намудан мумкин аст. Августин иродаро асоси ҳамаи равандҳои маънавӣ медонист. Аммо И. Д. Скот иродаро аз ақл бартар мешумурд. Асоси волюнтаризми навин таълимоти И. Кант дар бораи афзалияти ақли амалӣ ба ҳисоб меравад. Ба андешаи И. Кант, ҳарчанд ҳастии иродаи озодро аз ҷиҳати назарӣ на рад кардан мумкин аст ва на исбот, ақли амалӣ эътибори озодии иродаро тақозо менамояд, вагарна қонунҳои ахлоқию маънавӣ моҳияти худро аз даст медиҳанд. Фихте иродаро асоси шахсият ва фаъолияти «Ман»-ро принсипи эҷодии мутлақи ҳастӣ дониста, онро ба сифати манбаи маънавии олам дарк мекард. Ба назари ӯ, ирода табиатан мазмуни ақлонӣ дошта, сарчашмаи амалишавии мабдаи ахлоқӣ мебошад. Андешаҳои Фихтеро Шопенгауэр танқид ва рад кардааст. Дар фалсафаи ӯ ирода ҳамчун равияи мустақил ташаккул ёфта, ба таври ирратсионалӣ ҳамчун нахустмабдаи нобино, ғайриоқил, бидуни мақсад амалкунандаи ҷаҳон таъбир гардид. Шопенгауэр «чизҳо дар худ»-и Кантро ба сифати иродае маънидод менамояд, ки дар сатҳи мухталифи инкишофи воқеии олам зоҳир мегардад. Ӯ шуур ва ақлро зуҳуроти баъдии ирода медонад. Дар таълимоти ӯ ирода бо пессимизм робитаи зич дорад. Ғояҳои волюнтаристии Шопенгауэр дар ташаккул ва рушди фалсафаи Нитсше таъсири амиқ расонидааст.
Решаҳои иҷтимоии волюнтаризмро муносибатҳои ҳукмронию тобеъ намудан ташкил намуда, он ба сиёсати зӯроварӣ ва фишороварӣ такя менамояд. волюнтаризми сиёсӣ дар сиёсати амалии низомҳои сиёсии зиддимардумӣ ва сиёсати авантюристии доираҳои ҳукмрони баъзе кишварҳои ғайридемократӣ, дар фаъолияти ташкилотҳои фашистӣ, милитаристӣ, ҳаракатҳои ифротгароӣ (ирҳобӣ) зоҳир мегардад. Дар шароити имрӯза заминаҳои ташаккул ва инкишофи волюнтаризм қариб дар тамоми кишварҳое, ки анъанаи қавии демократии идораи ҷомеа надоранд ва низоми сиёсию ҳуқуқии воқеиро ташаккул надодаанд, ба амал омада метавонад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Философский энциклопедический словарь. М., 1989;
- Политология: энциклопедический словарь / Общ. ред. и сост.: Ю. И. Аверьяноволюнтаризм М., 1993;
- Авербух М. Идеальный волюнтаризм //Арсеньевские вести. М., 2001;
- Волюнтаризм экономический//Райзберг Б. А., Лозовский Л. Ш., Стародубцева Е. Б. Современный экономический словарь. М., 2007;
- Млечин Л. Волюнтаризм с человеческим лицом // Новое время. 2009, № 14;
- Knauer R., Der Voluntarismus. Berlin, 1907;
- Marcus J., Intellektualismus und Voluntarismus in der modernen Philosophie, Düsseldorf, 1918.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Волюнтаризм / Г. Зокиров // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.