Jump to content

Ворисии мурофиавӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ворисии мурофиавӣ — дар қонунгузории амалкунандан мурофиавии гражданӣ бо истилоҳи ҳуқуққабулкунии мурофиавн ифода шудааст (м. 107 КМГ). Истилоҳи номбурда моҳияти ин зуҳуроти ҳуқуқиро мукаммал инъикос карда наметавонад. Чунки ҳангоми ворисии мурофиавӣ на танҳо ҳуқуқҳои мурофиавӣ, балки уҳдадориҳои мурофиавӣ низ аз як шахс ба шахси дигар мегузаранд. Аз ин ҷо дурусттар мебуд, агар ба ҷои истилоҳи ҳуқуққабулкуиии мурофиавӣ истилоҳи ворисии мурофиавӣ истифода шавад. Ииак, ворисии мурофиавӣ иваз намудани шахси иштирокчии парванда, ки дар мурофиаи гражданӣ ба сифати тараф ширкат меварзад, бо шахси дигар (ворис) мебошад. Дар фарқият аз иваз намудани тарафи ғайридахлдор, вориси мурофиавӣ тарафи дахлдорро дар мурофиаи гражданн иваз менамояд ва иштироки ӯро дар мурофиа давом медиҳад. Мувофиқан мурофиаи гражданӣ аз нав огоз нашуда давом меёбад. Мутобиқи м.107 КМГ барои вориси мурофиавӣ ҳамаи амалиётҳое, ки дар мурофиа неш аз ворид шудани ӯ гузаронида шудааст, ба андозаи барои шахси ивазшуда ҳатмӣ буданашон зарур мебошанд.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 121—122