Ворис, Мулло Тӯрахоҷа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ворис Мулло Тӯрахоҷа — шоири тоҷик (асри 19).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар замони тадвини тазкираи Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ «Туҳфату-л-аҳбоб фӣ тазкирати-л-асҳоб» ҷавоне будааст машғул ба таҳсили улуми давр. Намунаҳои осораш — қасоид, ғазалҳо, рубоиёташ дар тазкираву баёзҳои садаи XIX сабт гардидаанд. Забони ашъораш содаву равон аст, ки мухаммаси В. ба қитъаи машҳури Носири Хусрав намунае аз онҳост:

Ай дил, зи такаббур набароӣ зи раҳи рост,
Рафтӣ ба таҳи чоҳ, агар Моҳ туро ҷост!
Ин қисса шунидӣ, ки зи як олими доност:
«Ногаҳ зи сари санг уқобе ба ҳаво хост,
Аз баҳри тамаъ болу пари хеш биёрост».
***
Аз ишва чунон боли тамошо зада бар халқ,
Ороста худрову таманно зада бар халқ,
Нозидаву сад таънае ӯ то зада бар халқ,
Худро ба само бурдаву ғавғо зада бар халқ,
«Яъне, ки ҳама рӯйи замин зери пари мост».

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ганҷи Зарафшон. Д., 1991.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]