Восил ибни Амр ал-Қайсӣ
Восил ибни Амр ал-Қайсӣ (? — 739) — волии Бухоро дар замони истилои арабҳо.
Табарӣ ду бор аз Восил ибни Амр ёд намудааст: бори аввал дар ҷанги арабҳо бо суғдиёну туркҳо ба ҳолати душвор афтода, бо сипоҳи худ аз пушт ба онҳо зарба зада ғолиб меояд (729—730). Бори дуввум соли 739 ҳангоми шарҳи кушта шудани бухорхудот Туғшода ва Восил ибни Амр аз дасти ду деҳқони бухороӣ, ки барои шикоят ба назди Наср ибни Сайёр омада буданд. Мутобиқи маълумоти Табарӣ Восил ибни Амр дар Бухоро зиста, якҷоя бо мардуми Бухоро дар назди деҳаи Зармони Самарқанд бо дастаи савораи туркҳо ҷангидааст. Восил ибни Амр ба ҷамъоварии хироҷу молиёт ва фаъолияти бухорхудот назорат мекард. Восил ибни Амр бо мардуми маҳаллӣ алоқа надошт ва хироҷ аз тарафи амалдорони маҳаллӣ ҷамъоварӣ мешуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абубакр Муҳаммад ибни Ҷаъфари Наршахӣ. Таърихи Бухоро. Д., 2012.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Восил ибни Амр ал-Қайсӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.