Воситаҳои андозагирӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Воситаҳои андозагирӣ — воситаҳои техникие, ки барои ченакгирӣ истифода шуда, дорои хусусиятҳои меъёрбандишудаи метрологӣ мебошанд ва воҳиди бузургиҳои физикавиро таҷдид ва (ё) ҳифз менамоянд.

Ба воситаҳои андозагирӣ меъёрҳои бузургиҳои физикавӣ, асбобҳои ченакгирӣ, табдилдеҳҳои ченкунанда (санҷишӣ) дохил мешаванд. Инчунин дастгоҳҳои ченакгирӣ, системаҳои санҷишӣ ва маҷмӯъҳои санҷишию ҳисоббарорӣ, ки аз ҷамъи воситаҳои андозагирии зикрёфта, ҲМЭ (ҳисобмошинҳои электронӣ) ва дигар васоити техникӣ, аз ҷумла олоти ёрирасон иборатанд, воситаҳои андозагирӣ маҳсуб меёбанд. Бинобар зиёд будани навъҳои бузургиҳои ченшаванда тарзи кори воситаҳои андозагирӣ низ гуногун аст. воситаҳои андозагирӣ дар асоси падидаҳои механикӣ, электрӣ, электронӣ, магнитӣ, оптикӣ, гармӣ, кимиёӣ ва ғ., инчунин дар асоси маҷмӯи баъзе аз онҳо амал мекунанд. воситаҳои андозагирӣ худкор (автоматӣ) ва дастӣ, стандартӣ ва ғайристандартӣ шуда, барои чен кардани ҳарорат, фишор, миқдор, вазн, ғилзати маҳлулҳо, сатҳ ва ғ. истифода мегарданд. воситаҳои андозагирӣ-ро инчунин дар асбобҳои санҷишӣ, сигналдиҳӣ, батанзимдарорӣ, дар идоракунии равандҳои истеҳсолот, барои ҷамъ кардани иттилооти гуногун, ки ба тавассути ҳисобмошинҳои электронӣ коркард мешаванд, кор мефармоянд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]