Воситаҳои нашъадор
Воситаҳои нашъадор — маводди сунъӣ ё табиӣ, шаклҳои дорувории онҳо ва рустаниҳое, ки бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ, амнияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, пешгирии нашъамандию токсикомандӣ ва расонидани ёрии наркологӣ ба шахсони гирифтори нашъамандӣ ва токсикомандӣ муомилоташон манъ ё маҳдуд карда шудааст.
Воситаҳои нашъадор зери назорати давлат қарор дошта, дар конвенсияҳои байналмилалӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон айнан гурӯҳбандӣ шудаанд. Номгӯй, шакл ва сохти воситаҳои нашъадор дар асоси Конвенсияи ягонаи СММ оид ба воситаҳои нашъадор (1961), Конвенсияи СММ оид ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ (1988), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» (1999), Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» (№ 390 аз 21 сентябри 2000; бо тағйироти воридшуда ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 333 аз 31 августи 2002) муайян ва ба танзим дароварда мешаванд.
Дар Рӯйхати миллӣ се номгӯйи воситаҳои нашъадор зикр шудаанд:
- рустаниҳо ва маводде, ки дорои хатари фавқулодаанд, вале барои истифода дар соҳаи тиб қобили таваҷҷуҳ намебошанд ва дар Рӯйхати IV Конвенсияи ягонаи СММ оид ба воситаҳои нашъадор гурӯҳбандӣ шудаанд (каннабис ва қиёми каннабис, героин, дезоморфин, кетобемидон ва ғайра);
- асосан рустанӣ ва маводде, ки хатари фавқулода дошта, ҳамзамон барои мақсадҳои тиббӣ қобили таваҷҷуҳанд ва дар Рӯйхати I ва Рӯйхати II конвенсияи мазкур гурӯҳбандӣ шудаанд (асетилметадол, алфентанил, аллилпродин, алфаметадол, бензетидин, безилморфин, безитрамид, клонитазен ва ғайра);
- маводде, ки сӯистифодаи онҳо то дараҷаи муайян хатарнок аст, вале барои истифода бо мақсадҳои тиббӣ қобили таваҷҷуҳ буда, дар Рӯйхати III конвенсияи мазкур гурӯҳбандӣ шудаанд (дорувории асетилдигидрокодеин, дорувории пропирам, дорувории декстропропоксифен ва ғайра).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 1998;
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Воситаҳои нашъадор / Д. Абдуллоев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.