Jump to content

Воситаҳои ҳифозати фардӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Воситаҳои ҳифозати фардӣ — воситаҳое, ки барои ҳифзи мардум аз моддаҳои радиоактивӣ, заҳрнок ва бактериологӣ (биологӣ) муқаррар шудаанд.

Ба воситаҳои ҳифозати фардӣ дохил мешавад: ниқоби зидди газ (противогаз), респиратор, либосҳои махсуси ҳифозатӣ ва пакетҳои шахсии зиддикимиёӣ. воситаҳои ҳифозати фардӣ дар артишҳои мухталифи дунё дар давраи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914–18), вақте ки артиши Олмон аз моддаҳои заҳрнок (хлор ва иприт) истифода кард, пайдо шуданд. воситаҳои ҳифозати фардӣ дар ибтидо ба гунаи бандинаи докагии дар маҳлули гипосулфит ва сода таркардашуда, костюмҳои махсус аз нахи проолифеннӣ ва малҳамҳои дифоӣ буданд. Баробари рушди силоҳҳои қатли ом воситаҳои ҳифозати фардӣ низ такмил ёфтанд. Ниқоби зидди гази муосир аъзои нафаскашӣ, чашм ва рӯйро аз моддаҳои радиоактивию заҳрнок ва василаҳои бактериологӣ (биологӣ) ҳифз мекунад. Респираторҳо пеши роҳи ба организм воридшавии моддаҳои аэрозолӣ, асосан ғубори радиоактивиро мегиранд. Либосҳои ҳифозатӣ (плаш, ҷӯроби дароз ва дастпӯшакҳо, костюми сабуки ҳифозатӣ, комбинезони дифоӣ ва ғайра) пӯсти баданро ҳифз мекунанд ва шиддати таъсири нурҳои радиоактивиро коҳиш медиҳанд. Ин либосҳо аз матоъҳои ҳавоногузар, эластикӣ ва ба сармо тобовар сохта мешаванд; либосҳои ҳавоногузаре низ ҳастанд, ки баданро ба тамом пӯшонида, аз бухор ва қатраҳои моддаҳои заҳрнок ҳифз мекунанд. Либосҳои ҳавогузаре ҳам мавҷуданд, ки баданро танҳо аз қатраҳои моддаҳои заҳрнок муҳофизат менамоянд. Либосҳои маъмулии пахтагин ва таҳпӯшҳои дар маҳлулҳои махсуси кимиёӣ намкашонида низ аз ҷумлаи воситаҳои ҳифозати фардӣ мебошанд. Пардаи маҳини рутубат нахҳои матоъро фаро гирифта, миёни нахҳо фосилаҳои озод мегузорад, ки дар натиҷа матоъро ҳавоногузар месозад ва бухори моддаҳои заҳрнок ҳангоми гузаштани ҳавои заҳролуд тавассути матоъ ҷабида мешаванд.