Восиқи Нишопурӣ
Зоҳир
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Мирзо Ҳасанбек Восиқи Нишопурӣ (форсӣ: واثق نیشاپوری; асри 17) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Нишопур таҳсил карда, ба камол расидааст. Аз нахустин навиштаҳои шӯрангез ва диловезаш дар татаббӯъ ба Абдуллоҳи Ансорӣ тазкиранигор Насрободӣ ёд кардааст. Инчунин дар «Тазкираи Насрободӣ» аз сафари Восиқи Нишопурӣ ба Ҳинд ва бозгашташ ба Эрон сухан меравад. Тазкиранигори Ҳиндустон Сархуш дар «Калимоту-ш-шуаро» Восиқи Нишопуриро чун шоири тавоно ва хушсухан тавсиф кардааст. Аз осораш намунаҳо тавассути тазкираҳо расидаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Восиқи Нишопурӣ / М. Диловаров // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.