Вочарханд
Вочарханд ё Антисиклон (аз анти… ва сиклон) — туғёни азими атмосферии шаклаш гирдбодӣ, ки дар натиҷаи баланд шудани фишори ягон минтақаи атмосфера ба вуҷуд меояд.
Паҳноии антисиклон то ҳазорҳо км мерасад. Сохт ва хусусиятҳои антисиклон муқобили сохт ва хусусиятҳои сиклон аст. Дар харитаҳои тақсимоти фишор антисиклон бо изобараҳои (хатҳои фишори якхела) ҷамъшудаи сарбасти тақрибан байзашакл ифода мегардад. Фишори ҳаво дар маркази антисиклон аз ҳама бештар шуда, то 1,025 105 — 1,14 105 Па (дар сатҳи баҳр), баъзан (масалан, зимистон дар Осиё) то 1,07 105 Па мерасад (ҳол он ки фишори миёна дар сатҳи баҳр 1,01·105 — 1,015·105 Па аст). Антисиклон дар тропосфера муштарак бо сиклон вусъат меёбад. Антисиклон ва сиклон қисмҳои даврзании умумии атмосфераанд, ки боиси мубодилаи байнимарзии ҳаво мегарданд. Баъзе антисиклонҳо чанд шабонарӯз, ҳатто чанд ҳафта вуҷуд дошта метавонанд. Антисиклонҳо ҳам мисли сиклон ба самти интиқоли умумии ҳаво, яъне аз Ғарб ба Шарқ, лекин бо тамоюле ба тарафи арзҳои поён ҷой иваз мекунанд. Суръати миёнаи интиқоли антисиклон дар Нимкураи Шимолӣ то 30 км/соат, дар Нимкураи Ҷанубӣ то 40 км/соат, дар Осиёи Марказӣ тобистон то 49 км/соат, зимистон то 60 — 65 км/соат мерасад. Дар Нимкураи Шимолӣ бод дар атрофи маркази антисиклон ба самти ақрабаки соат ва дар Нимкураи Ҷанубӣ баръакси он ҳаракат мекунад. Омӯхтани пайдоишу ҳаракати антисиклон барои пешгӯии обу ҳаво ниҳоят муҳим аст.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Антисиклон // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.