Jump to content

Вошии Лоҳурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вошии Лоҳурӣ
Навъи фаъолият: шоир

Абуҷаъфар Умар ибни Исҳоқ Вошии Лоҳурӣ (форсӣ: واشی لاهوری‎) — шоири форс-тоҷик (асри 12).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар тазкираҳо аз «Лубобу-л-албоб»-и Авфии Бухороӣ (асри 13) гирифта, то ба «Маҷмаъу-л-фусаҳо»-и Ризоқулихони Ҳидоят (асри 19) номаш омадааст ва чун шоиру донишманд, сарояндаи қасоиди маснӯъ (ороста бо санъатҳои бадеии гуногун) тавсиф шудааст. Абёти зерин намунае аз шеъри ӯянд:

Дӯш дар савдои дилбар будаам,
Бо лаби хушку рухи тар будаам.
Дар хумори абҳари махмури ӯ,
Дида боз аз ғам чу абҳар будаам.
В-аз нами чашму тафи дил ҳар замон,
Гӯӣ андар обу озар будаам.

  • محمد عو فی. لباب الاباب. تهران،1331 هـ.ش.
  • رضا قلی خا ن هدا یت. مجمع الفصحا. جلد اول. تهران، 1336هـ. ش.ر