Jump to content

Вояҷер-1

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мавқеи барномаи «Вояҷер» дар соли 2009

«Вояҷер-1» (англ. Voyager-1) — яке аз ҷуфти зондҳои сайёравии монанд ба ҳамдигар буда, соли 1977 ИМА ба кайҳон сар додааст.

Лоиҳа дар мавриди наздик будани сайёраҳои азим (Муштарӣ, Зуҳал, Уран ва Нептун) гузаронида шуд. Ҳарду дастгоҳҳои кайҳонӣ имкони таҳқиқи чор сайёраҳои азим, системаи радифҳо ва фазои атрофи онҳоро дошт. Ба воситаи онҳо ҷирмҳои зиёди кайҳонӣ кашф гардида, ба Замин маълумот ва тасвирҳои зиёд фиристода шуд. Асбобҳо аз ду гурӯҳ иборат буданд. Қисми аввал барои таҳқиқи муҳити атрофи мадори ҳаракат – майдони магнитӣ, зарраҳои зарядноки энергияашон паст, нурҳои кайҳонӣ ва тавсифоти плазма истифода шуд. Гурӯҳи дуюми асбобҳо аз фотокамераҳои фарохзовия (3°) ва фотокамера барои гирифтани тасвирҳои калон (0,4°), интерферометр барои таҳлили афканиши инфрасурхи атмосфераи сайёраҳо, спектрометри ултрабунафш, дедектори радиоафканиши магнитосфераи сайёраҳо, фотоқутбиятсанҷ барои чен намудани интенсивият ва қутбияти рӯшноӣ иборат буд. Дастгоҳ ба Муштарӣ ва радифони он (Ио ва Каллисто) наздик шуд, аз назди Зуҳал ва радифҳои он – Титан, Рея ва Мимас гузашта, Системаи офтобиро тарк намуда ба фазои байниситоравӣ дохил шуд.