Jump to content

Воқифии Балхӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Воқифии Балхӣ
Навъи фаъолият: шоир

Воқифии Балхӣ (форсӣ: واقفی بلخی‎) — шоири тоҷик (асри 17).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодгоҳаш шаҳри Балх. Дар ҳамин ҷо таҳсил карда, касби камол намуд. Мувофиқи маълумоти «Баҳру-л-асрор»-и Мир Фахруддини Балхӣ, Воқифии Балхӣ муддате дар Бағлон шайхулислом будааст. Дар охири умр ба Ҳиндустон сафар карда, ҳамон ҷо аз дунё гузаштааст. Воқифии Балхӣ дар назм табъи равон дошт ва аз худ ашъори гуногун ба ёдгор мондааст. Абёти зерин намунае аз шеъри ӯянд:

Ба номи дил нафасе бо ту ошно нанишастам,
Ки дил зи сабру ман аз офият ҷудо нанишастам.
Шабе, ки шуълаи ҳаҷри ту сар зад аз дили зорам,
Чу шамъ, то асаре доштам, зи по нанишастам.
***
Ё Раб, мани ташна ҷоми хун чанд кашам,
Нозу ситами чархи нигун чанд кашам?
Аз баҳри ду луқмае, ки ҳам додаи туст,
Ман миннати ҳар нокасу дун чанд кашам?!

  • افغنستان.آريا نا. دائرة المعا رف. كابل، 1955