Jump to content

Воқифи Хуҷандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Воқифи Хуҷандӣ
Навъи фаъолият: шоир

Нуруддин ибни Амонуллоҳ Воқифи Хуҷандӣ (форсӣ: واقف خجندی‎; нимаи аввали садаи XIX) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Аз осори ӯ девони мунтахабе дастрас гардидааст, ки дар ИЗАШМХ АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст. Дар девони мазкур 14 ғазал, 17 рубоӣ ва 3 фард фароҳам омадаанд. Ба ғайр аз ин дар баёзҳо якчанд ғазали ӯ сабт гардидааст. Дар ғазалиёти Воқифи Хуҷандӣ мавзӯъҳои ишқӣ-ирфонӣ, танқиди зулму золимӣ, мазаммати баъзе шайхону суфиёни риёкор ва ғ. ба назар мерасад. Сабки эҷод, тарзи баён ва забони шеъри Воқифи Хуҷандӣ равону дилкаш аст. Баъзе шоирон, масалан, Нодими Истаравшанӣ, ба ғазалҳои ӯ мухаммас бастаанд. Ин байт аз эҷоди ӯст:

Чӣ кунам, гар наравам дар пайи риндӣ, Воқиф,
Муътақид нест дилам шайхию муллоиро.

  • Феҳристи дастхатҳои шарқии Академияи фанҳои ҶШС Тоҷикистон. Ҷ. V. Д., 1974.