Jump to content

Воҳиби Бухороӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Воҳиби Бухороӣ
Навъи фаъолият: шоир

Воҳиби Бухороӣ (форсӣ: واهب بخارائ‎) — шоири тоҷик (асри 17).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мувофиқи маълумоти «Тазкирату-ш-шуаро»-и Малеҳои Самарқандӣ дар сиккахонаи ҳукмрони давраш хидмат мекард ва дар мавзӯъҳои ишқӣ ба забони содаву равон шеър ҳам мегуфт. Аз девонаш иттилое нест. Намунаҳои сурудаҳояш ба тавассути тазкираҳо боқӣ мондаанд. Абёти зерин аз ӯянд:

Мову Маҷнун ду ҷигаргӯшаи аз як ҷигарем,
Дар ҷунун ҳар ду назарёфтаи як назарем.
Рафт аз пеши назар ёру хабардор накард,
Магар аз рафтани умри гузарон бехабарем?!
***
Аз он, Воҳиб, ба ёди зулфи ӯ ҳар шом мепечам,
Ки таъсири дигар дорад дуо дар пардаи шабҳо.

  • ملیحای سمرقندی. مذاکر الاصحاب یا تذکرة الشعرأ. دوشنبه، 1380 هـ. ش