Jump to content

Воҳиди нуҷумӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Воҳиди астрономӣ)

Воҳиди астрономӣ — яке аз собитаҳои астрономии дақиқ ченшуда, ки ба сифати воҳиди дарозии масофаи байни ҷирмҳои Манзумаи Офтоб истифода мешавад.

Он ба масофаи миёнаи байни Замину Офтоб ё тақрибан ба нимтири калони мадори Замин баробар аст. Ишораташ воҳиди нуҷумӣ (AU). Аз рӯйи ченкуниҳои охирини (1992) Хадамоти байналмилалии баҳодиҳии параметрҳои даврзанӣ ва координатаҳои Замин (IERS) 1 в. н. = 149 597 870, 66 км. аст. Воҳиди нуҷумӣ бо воҳидҳои дигари дарозии астрономӣ таносуби зерин дорад:

Воҳиди дарозӣ км в. н. с. р. пк
Километр (км) 1 6,69·10-9 1,06·10-13 3,24·10-14
Воҳиди астрономӣ (в.а.) 1,496·108 1 1,58·10-5 4,85·10-6
Соли рӯшноӣ (с.р.) 9,46·1012 6,32·104 1 3,07·10-1
Парсек (пк) 3,08·1013 2,06·105 3,26 1
  • Қодирӣ С., Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти физика. Д., 1985;
  • Струве О., Линдс Б., Пилланс Э. Элементарная астрономия. М., 1967;
  • Михaйлов А. А., Астрономическая единица длины// Земля и Вселенная, 1967, № 2, 3.