Воҳиди марзию маъмурӣ
Воҳиди марзию маъмурӣ — дар ҳуқуқ, тақсимшавии ҳудуди давлат ба воҳиди муайяни марзию маъмурӣ.
Ҳудуди ҳар як давлати мутамарказ ба воҳиди марзию маъмурӣ ҷудо мешавад. Дар давлатҳои иттифоқӣ, ҳамчун қоида, ҳудуди субъектҳои иттифоқ ба воҳиди марзию маъмурӣ тақсим мешавад. Ҳудуди давлат бо мақсади дуруст ба роҳ мондани идоракунии маҳал, ба эътибор гирифтан ва таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар марзи муайян ва дар он ҷо ташкил кардани низоми мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (мақомоти намояндагӣ, иҷроия ва судӣ) ба воҳиди марзию маъмурӣ ҷудо карда мешавад.
Воҳидҳои марзию маъмурии Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Мувофиқи моддаи 7 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир буда, Тоҷикистон аз ВМКБ, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо иборат аст. Тартиби таъсис ва тағйир додани воҳиди марзию маъмурӣ-и Тоҷикистонро Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи ҳалли масъалаҳои сохтори марзию маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 4 ноябри 1995) танзим намудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (банди 1-и моддаи 56) Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ваколатдор кардааст, ки воҳиди марзию маъмуриро таъсис ва барҳам диҳад.
Воҳиди марзию маъмурӣ метавонад ду ё сезинагӣ бошад. Ин омил ба он вобаста мебошад, ки ҳудуди давлат ба кадом воҳидҳо ҷудо мешавад; дар он вилоятҳо ташкил ёфтаанд, ё марзи давлат фақат аз зинаи поёнӣ — шаҳраку деҳот ва зинаи миёна — шаҳру ноҳияҳо иборат аст. Дар раванди таъсис ва азнавсозии низоми марзию маъмурӣ усулҳои илман асоснокшуда ба эътибор гирифта мешаванд, ки нишондиҳандаҳои воҳиди марзию маъмурӣ-и дахлдор бояд ба он мувофиқат намояд. Таъсисёбӣ ва фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба низоми воҳиди марзию маъмурӣ пайваста мебошад. Такмил додани низоми мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ бо мукаммал намудани воҳиди марзию маъмурӣ алоқаманд аст.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Воҳиди марзию маъмурӣ / А. Имомов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.