Тақсимоти маъмурии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Тақсимоти маъмурӣ-ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон — тибқи Қо­нуни Ҷум­ҳурии Тоҷи­кистон аз 19 марти соли 2013 № 958 «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон» муайян карда мешавад[1].

Тақсимоти маъмурии Тоҷикистон

Воҳидҳои маъмурӣ-ҳудудӣ ва маҳал­ҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонуни мазкур:

Ноҳияҳо ба деҳотӣ ва шаҳрӣ тақсим шуда, метавонанд тобеи ҷум­ҳурӣ, вилоят ва ё шаҳр бошанд.

Маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрӣ ва деҳотӣ ҷудо мешаванд.

Ба маҳалҳои шаҳрӣ, шаҳрҳо ва шаҳракҳо, ба маҳалҳои деҳотӣ деҳаҳо, новобаста ба тобеияти маъмурияшон, дохил мешаванд.

Шаҳрҳо метавонанд аҳаммияти ҷумҳуриявӣ ё вилоятӣ дошта бошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадах­шон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, 62 ноҳия[2], аз он ҷумла 4 ноҳия дар шаҳри Душанбе, 18 шаҳр, 62 шаҳрак, 370 ҷамоати деҳот ва 4223 деҳаро дар бар мегирад[3].

Ном Шумораи

ноҳияҳо

Шумораи

шаҳрҳо

Маркази маъмурӣ Аҳолӣ,
01.01.2016[4]
наф.
Ҳудуд,
км²
Зичӣ,
наф./км²
1 Душанбе 4 802 700 100 7887,00
2 Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 7 1 Хоруғ 217 400 64 200 3,30
3 Вилояти Суғд 14 8 Хуҷанд 2 511 000 25 400 94,70
4 Вилояти Хатлон 24 4 Қурғонтеппа 3 047 800 24 800 120,80
5 Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 13 4 Душанбе 1 972 300 28 600 67,20
Ҳамагӣ 62 18 8 551 200 143 100 58,60

Ноҳияҳои Тоҷикистон[вироиш | вироиши манбаъ]

Мақолаи асосӣ: Ноҳияҳои Тоҷикистон
Тақсимоти маъмурии Тоҷикистон

Шаҳрҳои Тоҷикистон[вироиш | вироиши манбаъ]

Мақолаи асосӣ: Шаҳрҳои Тоҷикистон

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо
Хилофати Исломӣ
Аморати Бухоро сарҳадди ҷумҳуриҳои кунунии Осиёи Миёна
Ҳукмронии Русия дар Осиёи Миёна дар оғози асри XX
██ Вилояти Урал ██ Вилояти Тургай
██ Вилояти Акмолин ██ Вилояти Семипалатин
██ Вилояти Семиречен ██ Вилояти Сирдарё
██ Вилояти Самарқанд ██ Вилояти Фарғона
██ Хонигарии Хива ██ Аморати Бухоро
██ Вилояти Закаспий

Давраи бостон[вироиш | вироиши манбаъ]

Нахустин ишораҳо дар бораи воҳидҳои ҳудудии замин, ки ниёкони тоҷик зиндагӣ мекарданд дар «Авасто» сабт шудааст. Ҳамин тавр, кишвар «даҳйу» (авестоӣ: «dahyu-», тоҷикӣ: деҳа) ном дошт ва аз чанд вилоят — «гава» (авестоӣ: «gava-») иборат буд, ки якчанд ҷамоат — «вис» (авестоӣ: «wīs-»)-ро муттаҳид мекард.

Ҳамзамон, «даҳйу» ба маънии ҳамон гуна «давлатчаҳое» буд, ки тибқи манбаъҳои ошурӣ, дар Мидия вуҷуд доштанд, яъне иттиҳодияҳои минтақавие будаанд, ки на ҳамчун давлат, балки ҳамчун ташкилотҳои бузурги қабилавӣ амал мекарданд. В. А. Лившитс ҳаққонӣ хотиррасон мекунад, ки даҳйу «пеш аз ҳама, мафҳуми ҳудудӣ ва ҷуғрафист, ки дар он умумияти этникӣ хеле зиёд аст, вале он ҳоло дар таркиби давлати ташаккулёфта воҳиди маъмурӣ нест».

Дар сари «даҳйу» «даҳйупати» (авестоӣ: «dahyu-pati-») меистод, «гава»-ро «гавапати» (авестоӣ: «gava-pati-»), «вис» — «виспати» (авестоӣ: «wīs-pati-») идора мекард[5].

Дар замонҳои баъдат сарзамини кунунии Тоҷикистон ба ҳайати Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо медоряд. Тамоми давлати Ҳахоманишӣ ба вилоятҳои молиётдиҳандаи ҳарбӣ, яъне сатрапиҳо (порсии бостон: xšaθra — шаҳр; форсӣ: شهر‎) тақсим гардида буд, ки онҳоро сатрапҳо (порсии бостон: xšaθrapāvan — шаҳрбон; порсии миёна: šatrap, форсӣ: شهربان‎) идора мекарданд.

Чи навъе ки Ҳеродот хабар медиҳад, дар аҳди Дорои I (522—486 то милод) шумораи ин қабил шаҳрҳо ба 20 мерасид[6]. Қаламрави ҳозираи Тоҷикистон ба таркиби сатрапии ХI дохил мешуд

Давраи исломӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Аморати Бухоро[вироиш | вироиши манбаъ]

Давраи шӯравӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Давраи истиқлол[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 3, мод. 177
  2. Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан. Число административно-территориальных единиц на 1 января 2009 г.(рус.). www.stat.tj. 25 январи 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 августи 2010.
  3. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — С. 6. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
  4. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2016. www.stat.tj. 25 январи 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 феврали 2018.
  5. Гафуров Б. Г. Таджики: Древнейшая, древняя и средневековая история. ИВАН СССР, Наука, М. 1972. — стр. 67 — 70]
  6. [Гафуров Б. Г. Таджики: Древнейшая, древняя и средневековая история. ИВАН СССР, Наука, М. 1972. — стр. 92 — 93]