Воҳиди пул

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Воҳиди пул — пули дар муомилот эътирофшудаи миллӣ, яке аз унсурҳои низоми пулии кишварҳо, ки қудрати пардохтро дорад.

Воҳиди пул тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ пули ин ё он мамлакат (сомонӣ, рубл, доллар, марка ва ғайра) аст. Воҳиди пул инчунин аломати пулиест, ки барои ифода кардани нархи мол ва хадамот зарур аст. Барои сода ва осон шудани амалиёти мубодилавӣ ва ҳисоббаробаркунӣ воҳиди пул ба қисматҳо ҷудо карда мешавад (мас., 1 сомонӣ = 100 дирам; рубл = 100 копейка; 1 доллар = 100 сент ва ғайра).

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]