Воҳиди хӯроки чорво

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Воҳиди хӯроки чорво — воҳиди ченак ва андозагирии ғизонокии умумии хӯроки чорво.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Аввалҳои садаи XIX олими олмонӣ Албрехт Тэер бо мақсади таҳлили сифатии ғизонокии хӯроки чорво хасбедаи марғзор (ғизои маъмулии чорво)-ро пешниҳод намуд. Миқдори ҳар гуна хӯроки чорво, ки аз ҷиҳати ғизонокӣ ба 100 қадоқ (1 қадоқ — 109,5 г) хасбеда баробар буд, эквиваленти хасбедаи хӯроки чорво номида шуд. Аз рӯи таҳқиқи кимиёии хӯроки чорво муайян карданд, ки ба 100 қадоқ хасбедаи марғзор 90 қадоқ беда, 200 қадоқ картошкапоя, 350 қадоқ барги қаҳрабошалғам, 460 қадоқ лаблабуи хӯроки чорво, 600 қадоқ карам баробар аст. Солҳои 60 садаи XIX дар асоси таркиби кимиёии хӯрок ва ба чорво додани моддаҳои ғизоӣ тартиби арзёбии ғизонокии хӯроки чорво (тибқи миқдори моддаҳои ҳозим) пешниҳод шуд. Ченаки ғизонокии хӯроки чорво дар ҳар мамлакат гуногун буд. Хусусан воҳиди хӯроки чорвои скандинавӣ, эквиваленти оҳар (крахмал) ва воҳиди хӯроки чорвои шӯравӣ маъмул гашт. Дар воҳиди хӯроки чорвои шӯравӣ, ки айни ҳол дар Тоҷикистон низ истифода мешавад, ба сифати воҳид ғизонокии 1 кг сулии хушк қабул шудааст. Ҳангоми баҳо додан ба ғизонокии хӯроки чорво ғайр аз воҳиди хӯроки чорво миқдори протеини ҳозим, калсий, фосфор, каротинҳо, барои хуку мурғон таркиби аминокислотавии сафеда ва витаминҳои гурӯҳи В низ ба назар гирифта мешавад. Дар асоси воҳиди хӯроки чорво меъёри хӯроки чорворо муайян намуда, барои онҳо вояи хӯрок тартиб медиҳанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Раҷабов Ф. М. Хӯрондани чорвои хоҷагии қишлоқ. Д., 2007;
  • Ғаффоров А. К., Раҷабов Ф. М. Хӯрондани чорвои хоҷагии қишлоқ. Д., 2007;
  • Рядчиков В. Г. Питание высокопродуктивных коров. Краснодар, 2002;
  • Калашников А. П. (и др.). Нормы и рационы кормления сельскохозяйственных животных. М., 2003.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]